Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бузургтарин ҳайкали Ленинро дар маркази Норак канданд


Ин муҷассамаи Ленинро дигар дар маркази шаҳри Норак намебинед

Мақомоти шаҳри Нораки вилояти Хатлон ҳайкали 12-метрии Владимир Ленин, доҳии коммунистҳои ҷаҳонро кандаанд.

Ин ҳайкал солҳо боз дар маркази шаҳри Норак ва дар рӯ ба рӯи меҳмонхонаи “СССР” пойбарҷо буд ва яке аз калонтарин муҷассамаҳои Ленин дар ҷануби кишвар дониста мешуд. Ҳайкалро ду рӯз пеш кандаанд.

Шаҳло Ҳасанзода, муовини раиси шаҳри Норак, рӯзи 18-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки қарор аст дар ҷойи холимондаи ҳайкали Ленин муҷассамаи Исмоили Соммонӣ, пояи панҷоҳметрии парчам ва нишони давлатӣ сохта шавад.

Шӯҳрат Азимов, масъули Идораи сохтмон ва шаҳрсозии ҳукумати Норак, мегӯяд, ҳайкали Ленинро ба як корхонаи сохтмонии шаҳр бурдаанд.

Вале коммунистони Тоҷикистон хабари барчида шудани пайкараи доҳии пролетариатро аз хабарнигорон фаҳмиданд.

Заррагул Мирасанова, котиби Ҳизби коммунист дар Тоҷикистон гуфт, ки ин хабарро тоза аз хабарнигорони Радиои Озодӣ шунидааст. Мирасанова гуфт, ки фардо ба ҳукумати шаҳри Норак муроҷиат карда аз онҳо суол мекунад, ки сарнавишти ин пайкара чӣ мешавад ва ба куҷо бурда хоҳад шуд.

Ба гуфтаи ӯ, чанд моҳ пеш мақомоти Норак онҳоро огоҳ карданд, ки ҳайкалро мекананд, вале бояд аввал ҷояшро муайян мекарданд. Ӯ гуфт,

“Ба мо мактуб накардаанд. Агар мегуфтанд, аввал мегуфтем, ки ба як ҷои хуб баред, баъдан бигиред. Ин ҳайкал дар шаҳри Норак калон ва оҳанаш тоза буд. Пагоҳ ман ба шаҳри Норак меравам ва мепурсам, ки чаро ин корро карданд. Дар як ноҳияи дигар низ ҳамин корро карда буданд, вале ба мо пешакӣ мактуб навишта буданд, ки онҳо ҳайкалро меканад, вале аз Норак мактуб нагирифтем.”

Шаҳри Норак дар ҷануби Тоҷикистон дар имтидоди шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб воқеъ мебошад. Дар замони Шӯравӣ дар ин шаҳр нерӯгоҳи "Норак" бунёд шуд, ки дар сохтмони онҳо намояндагони миллатҳои мухталифи Шӯравӣ иштирок доштанд.

То чанд соли пеш муҷассамаҳои Владимир Ленин ҳамчун мероси даврони Шӯравӣ маркази ҳамаи шаҳру навоҳии Тоҷикистонро зеб медод. Аммо ба тадриҷ ҳайкалҳои Ленин бо рамзҳои муосири давлатдории Тоҷикистон ва асосан бо пайкараҳои Исмоили Сомонӣ, парчам ва ё Рӯдакӣ иваз карда шуданд.

Нахустин таҷрубаи кандани ҳайкали Ленин аз майдони марказии Душанбе дар тирамоҳи соли 1991 хотироти манфиеро ба ҷо гузоштааст. Ин иқдом дар моҳи сентябри соли 1991 мавҷи эътирози тарафдорони ҳизби коммунистро ба бор овард ва ба силсилаи гирдиҳамоиҳо идома бахшид. Бисёриҳо ин воқеаро оғози ҷанги дохилии Тоҷикистон мешуморанд.

Гузоришҳои видеоӣ

"Ҳисоби мардум дигару ҳисоби нархгузор дигар"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:25 0:00
XS
SM
MD
LG