Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми собиқ мушовири амниятии Трамп эълон мешавад


Майкл Флинн
Майкл Флинн

Додгустари фереолии Амрико рӯзи 18-уми декабр ҳукми нахустин мушовири амнияти миллии Кохи Сафедро эълон мекунад, ки дар бораи мулоқоташ бо сафири Русия ба Бюрои федеролии тафтишот (FBI) дурӯғ гуфт ва чанде пеш ҷурмро эътироф кард.

Мурофиаи Майкл Флинн саҳифаи навбатии "драмаи ҳуқуқӣ"-и прокурори вежа Роберт Мюллер аст, ки ин драма то рафт ба худи Доналд Трамп наздик мешавад.

Флинн дар бораи мулоқоташ бо сафири онвақтаи Русия дар Вашингтон Сергей Кисляк, ки моҳи январи соли 2017, чаҳор рӯз баъди фаъолияти расмиии Доналд Трамп ҳамчун президент, баргузор шуда буд, ба FBI дурӯғ гуфт. Баъди се ҳафтаи ин, Флинн аз мақом сабукдӯш шуд ва ҷузъиёти бештари мулоқоти ӯ бо Кисляк рӯи об баромад.

Муфаттишони прокурори вежа барои ҳамкории муфид аз Майкл Флинн ситоиш карданд ва ҳатто машварат доданд, ки ӯ дар озодӣ бимонад.

Аммо ҳафтаи гузашта вакили Флинн гуфт, FBI бояд ба зерҳимояи ӯ мегуфт, ки дурӯғ гуфтан ба агентҳои федеролӣ ҷиноят аст. Додситонҳои Мюллер ин иддаоро дарҳол рад карданд.

"Мушовири амнияти миллӣ, раҳбари пешини идораи истихборот, генерали бознишаста ва ветерани нерӯҳои низомӣ медонад, ки бояд ба агенти федеролӣ дурӯғ нагуяд", - навиштанд додситонҳо.

Якчанд нафар, бо шумули Пол Манафорт - собиқ раиси ситоди давраи интихоботи Трамп, ки Мюллер қазияи онҳоро таҳқиқ кардааст, ба дуруғгӯӣ муттаҳам шудаанд.

Мюллер қазияи дахолати Русия ба умури интихоботи соли 2016-и Амрико ва эҳтимоли созиши тими Трамп ва Кремлинро бозҷӯӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG