Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳмадсаид Убайдуллоев: "Мо барои Русия бегона нестем, худием"


Маҳмадсаид Убайдуллоев. Акс аз соли 2014
Маҳмадсаид Убайдуллоев. Акс аз соли 2014

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ - палатаи болоии порлумони Тоҷикистон - гуфт, ки барои роҳ ёфтани маҳсулоти кишоварзӣ ба Русия бояд дар ҳудуди кишвар як анбори калони меваву сабзаҷот бунёд шавад. Ӯ бовар дорад, дар он ҳолат маҳсулот бо сифати баланд ба бозори Русия роҳ хоҳад ёфт. Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар ин бора дар як мусоҳибаи телевизиониаш ба шабакаи “Мир” изҳори назар кард, ки рӯзи 18-уми декабр намоиш дода шуд.

Убайдуллоев дар ин мусоҳиба ба суоли онки "вазъи содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русия дар кадом сатҳ қарор дорад?” гуфт: "Дар ниҳояти амр, мо барои Русия бегона нестем, худием. Бояд шароити мусоид фароҳам оварда шавад, то маҳсулоти Тоҷикистон, бахусус дар бахши кишоварзӣ ба сокинони Русия мустақим ва бе миёнаравҳо бирасад”.

Ӯ гуфт, миёнаравҳо боис ба боло бурдани нарх мешаванд ва ба ҳамин хотир, ба андешаи Убайдуллоев, бояд дар Тоҷикистон "як маркази умдаи нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ бунёд шавад, то битавонад сифати маҳсулотро ҳифз карда, интиқоли борро мустақим ба Русия таъмин кунад".

Маҳмадсаид Убайдуллоев гуфт, ки чунин пойгоҳ бояд бо кумаки сармоягузорони Русия бунёд шавад. Дар хабари телевизиони "Мир” гуфта мешавад, ҷониби Русия омода аст, ки чунин як нуқтаи захираву тақсими маҳсулоти кишоварзиро дар 1,5 - 2 соли наздик бунёд кунад.

Мусоҳибаи ихтисосии Маҳмадсаид Убайдуллоев дар шаҳри Санкт-Петербург сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG