Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенат: "Фаъолияти Русия барои таъсиргузорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ идома дорад"


Тибқи як гузориш, ки аз сӯи пажӯҳишгарони бахши хусусӣ таҳия шудааст ва рӯзи душанбеи 17-уми декабр аз сӯи Кумитаи амнияти Сенати Амрико нашр шуд, дахолати "фаъол"-и Русия ба ҳадафи таъсиргузорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳанӯз идома дорад. Ин гузориш мегӯяд, ин талошҳои Русия, ки пас аз интихоботи президентии соли 2016 ошкор шуд, бисёр густурдатар аз он аст, ки замоне тасаввур мешуд.

Ин гузориш мегӯяд, паҳлӯҳои фаъолиятҳои Русия дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр густурдатар аз маълумоте аст, ки ширкатҳо дар ин замина пешниҳод кардаанд.

Ба гузориши хабаргузории "Ассошиэйтед пресс", ин таҳқиқот аз сӯи ширкати амниятӣ-кибернетикии "New Knowledge" ва бар асоси маълумоте, ки Кумитаи амниятии Сенат аз ширкатҳои бузург аз ҷумла "Фейсбук", "Гугл" ва "Твиттер" дар ихтиёр дорад, таҳия шудааст.

Бар иловаи ончи, ки ин ширкатҳо гуфтаанд, ин таҳқиқот ва гузорише, ки Кумитаи амниятии Сенати мунташир кард, аввалин таҳлили ҳамаҷониба дар мавриди дахолати Русия аст. Ин пажӯҳиши нав мегӯяд, ҳанӯз ҳам теъдоде аз ҳисобҳои корбарии вобаста ба "Оҷонсии пажӯҳиши интернет" дар Русия фаъол ҳастанд.

Бар асоси эъломи Роберт Мюллер, бозраси вижаи вазорати адлияи Амрико дар мавриди дахолати Русия,"Оҷонсии пажӯҳиши интернет" дар маъракаи интихоботи президентии Амрико дар соли 2016 нақши таъсиргузор доштааст. Тибқи қарори маълум, бо масдуд шудани ҳисобҳои корбарии вобаста ба ин ниҳод дар шабакаҳои иҷтимоии муҳим, онҳо акнун дар платформаҳои хурдтар фаъол ҳастанд.

Пажӯҳгарони ширкати "New Knowledge" дар бахше аз гузориши худ навиштаанд, "бо таваҷҷуҳ ба адами вокунишҳои дипломатӣ ва ё дигар шеваҳои муқобила, ҳукумати Русия дар ин амалиёт ба бахше аз ҳадафҳои худ даст ёфтааст ва ба эҳтимоли зиёд Амрико дар оянда низ бо идомаи ин дахолатҳо аз сӯи Русия рӯбарӯ хоҳад шуд."

Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки ҳеҷ кадоме аз ширкатҳо маълумоти худро дар ихтиёри Конгресс қарор надода ва бархе аз онҳо дар пешниҳод кардани маълумот қасдан ва ё ғайри он, мушкилро хурдтар нишон додаанд.

Яке аз нуқтаҳои муҳими ин гузориш ин аст, ки фаъолияти Русия дар шабакаи "Инстаграм" бисёр густурда буда ва "Фейсбук" -- молики ин ширкат дар ироаи маълумот ба Конгрес, ба он ишораи кофӣ накардааст

Пажӯҳишгарон мегӯянд, бинобар масдуд кардани ҳисобҳои корбарии авомил ё гумоштаҳои Русия дар "Фейсбук" ва "Твиттер" дар соли 2017, онҳо бахши асосии фаъолияти худро ба "Инстаграм" мунтақил кардаанд. Дар ин гузориш натиҷагирӣ мешавад, "арзёбии мо ин аст, ки ба эҳтимоли зиёд шабакаи "Истаграм" майдони аслии набард дар ин замина хоҳад буд."

Ин гузориш меафзояд, паҳлӯҳои фаъолиятҳои Русия дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр густурдатар аз маълумоте аст, ки ширкатҳо дар ин замина пешниҳод кардаанд ва теъдоди зиёде аз шабакаҳои иҷтимоии хурдтарро низ дар бар мегирад.

Ба унвони мисол, гумоштаҳои Русия аз шеваҳои номаъмул барои барқарории иртибот бо мухотабони амрикоӣ, мисли фурӯши коло бо паёмҳои сиёсии вижа ва пешниҳоди кор истифода кардаанд, ки ба василаи он афрод ташвиқ мешаванд ноогоҳона маълумоти ҳассоси худро, ки метавонад алайҳи онҳо ба кор бурда шавад, ошкор кунанд.

XS
SM
MD
LG