Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

ИМА дар фикри истирдоди Фатҳулло Гулен ба Туркия аст.

Фатҳулло Гулен

Президенти ИМА Доналд Трамп ба Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия иттилоъ дод, ки Вашингтон барои истирдоди рӯҳонии шинохта Фатҳулло Гулен ва якчанд пайрави ӯ қадамҳоеро пиёда мекунад. Туркия Гулен ва пайравони ӯро ба ташкили кушиши табаддулоти давлатии соли 2016 муттаҳам кардааст.

Гуфтугӯ дар ин бора ду ҳафта пеш дар саммити "Бистгона бузург" дар Аргентина ҷараён гирифт,- гуфт хабаргузории Reuters рӯзи 16 декабр аз қавли вазири умури хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу.

Анкара кайҳо боз истирдоди Гуленро,ки 20 сол боз дар Амрико ба сар мебарад, аз талаб дорад. Рӯҳонии шинохта иттиҳоми кушиши табаддулотро комилан рад мекунад. ИМА то оҳл истирдоди Гуленро бинобар набудани далелҳои собиткунандаи гуноҳи ӯ рад кардааст.

Қаблан Трамп гуфта буд, ки созиши таслими Гулен ба ивази коҳиши фишорҳои дипломатии Анкара ба Арабистони Саудиро қабул надорад. Туркия баъди куштори журналисти саудӣ Ҷамол Хошуқҷӣ дар колнсулгарии Арабистони Саудӣ дар Истамбул, Риёзро таҳти фишор қарор додааст.

Ба гуфтаи аъзои Палатаи намояндагони Конгресси ИМА Билл Паскрелл, гуфтугуҳо дар бораи эҳтимоли таслими Гулен ба Туркия инро собит мекунед, ки "Трамп ба диктаторҳо таваҷҷуҳ дорад". "Гулен аз иқомати доимӣ дар ИМА бархурдор аст ва набояд дар талошҳои Трамп барои бегуноҳ нишон додани режими истибдодии Арабистони Саудӣ барраи қурбонӣ шавад",- гуфт конгрессмен.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Дар ИМА шумори фавтидаҳо бар асари Ковид 19 аз 4000 гузашт 

Афроди бехонаву дар дар шаҳри Лас-Вегас талоош доранд фосилаи ҳамдигариро риоя кунанд

Шумори кушташудаҳо бар асари бемории Ковид-19 дар ИМА рӯзи 1 апрел 4079 нафарро ташкил дод. Президент Доналд Трамп дирӯз дар муроҷиат ба сокинони кишвараш гуфт, ки “ду ҳафтаи сангине” дар пеш аст. Бар асоси иттилои расмӣ, дар Амрико шумори гирифторони вируси роҳҳои нафас ба 190 ҳазор нафар наздик шудааст. Ҳукумат шитоб дорад дар наздикиҳои шаҳрҳои калон беморхонаҳои муваққатӣ бунёд кунад, то ки фишори муассисаҳои тиббии амалкунанда камтар шавад. Пешгӯӣ мешавад, ки вазъ дар ҳафтаҳои наздик дар ин кишвар бадтар хоҳад шуд. Дар Ню-Йорк, ки бештар аз дигар манотиқ осеб дидааст, дар манотиқи мисли Парки марказӣ ва дар ҳудуди муасиссаи “Тенниси бози амрикоӣ” беморхонаҳои муваққатӣ таъсис шудааст. Базудӣ қарор аст як киштии баҳрӣ барои ба истифода ба унвони беморхона дар соҳилҳои Ню-Йорк барои як ҳазор бемор ба кор шурӯъ кунад. Танҳо дар ин шаҳр пандемия ҷони 1700 нафарро гирифтааст. Пешгӯӣ мешавад, ки бо вуҷуди дар хона мондани мардум, дар ИМА шумори маргумир бар асари олудагӣ ба Ковид 19 то 240 ҳазор нафар бирасад.

Дар таркиши бомбаи сарироҳӣ дар Ҳилманд дастикам 8 нафар кушта шуд

Нирӯҳои ҳукуматӣ аз роҳе дар Гиришк убур мекунанд. Акс аз соли 2017

Рӯзи 1 апрел дар натиҷаи бархӯрди мошине ба бомбаи сарироҳӣ дар вилояти ҷанубии Ҳилманди Афғонистон, дастикам 8 мулкӣ, аксар кӯдакон кушта шуданд. Умар Звак, сухангӯи волии Ҳилманд гуфт, бомба замоне таркид, ки автобуси хурде бо мусофирон аз роҳе дар ноҳияи Гиришк убур мекард.

Звак гуфт, ки ҳадди аққал ду нафар маҷрӯҳ шудаанд ва эҳтимоли афзоиши шумори қурбониҳо вуҷуд дорад. Тамоми қурбониҳо аъзои як хонавода буданд ва шаш нафари кушташуда кӯдак мебошанд.

То ҳол касе масъулияти ин ҳодисаро ба дӯш нагирифтааст, вале дар ин минтақа ҷангиёни ҳарду гурӯҳи шӯришӣ – ҳам Толибон ва ҳам “Давлати исломӣ” фаъол ҳастанд. Дар Ҳилманд нирӯҳои давлатӣ шаш ноҳия, аз ҷумла Лашкаргоҳро назорат мекунанд, дигар 14 минтақа, аз ҷумла Гиришк зери контроли Толибон аст.

Теъдоди гирифторон ба коронавирус дар Узбекистон ба 173 тан расид

Дар Узбекистон шумораи гирифторон ба коронавирус ба 173 нафар расид. Дар ин бора Нурмат Отабеков, сартабиби беҳдоштии он кишвар рӯзи чаҳоршанбеи 1-уми апрел хабар дод.

Ба ҷуз шаҳри Тошканд, гирифторони вируси корона дар вилоятҳои Фарғона, Андиҷон, Намангон, Навоӣ, Бухоро, Қашқадарё ва Хоразм табобат мешаванд.

Ба иттилои расмӣ, дар Узбекистон аз коронавирус 8 нафар шифо ёфта, 2 тан вафот кардааст.

Ҳалокати шаҳрванди севуми Қазоқистон аз коронавирус

Алмато, Қазоқистон, 27-уми марти 2020.

Вазорати тандурустии Қазоқистон рӯзи чоршанбеи 1-уми апрел иттилоъ дод, ки дар вилояти Қарағандаи ин кишвар як нафар бар асари сирояти коронавирус ҷон бохт.

Ин севумин шаҳрванди Қазоқистон аст, ки аз коронавирус ба ҳалокат мерасад. Дирӯз як марди 50-сола дар шаҳри Нурсултон ва рӯзи 26-уми март як зани 64-сола аз вилояти Акмолин ҷон бохта буданд.

Ба огаҳии Вазорати тандурустии Қазоқистон, дар маҷмӯъ дар ин кишвар 369 ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Бештари онҳо дар шаҳрҳои Нурсултон ва Алмато сабт шудаанд.

Ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар ҳамаи минтақаҳои Қазоқистон, ба ҷуз аз вилояти Костаной, сабт шудааст. Ба иттилои вазорат, 24 бемори мубтало ба коронавирус аллакай шифо ёфтаанд.

Туркия ба мошинҳои ҳомили пахта аз Узбекистон иҷозати вуруд надод

Гузаргоҳи марзии "Сарпӣ" дар марзи Гурҷистон бо Туркия.

Беш аз 150 мошини боркаши ҳомили пахтаи Узбекистон дар гузаргоҳи марзии "Сарпӣ"-и Гурҷистону Туркия дармондаанд. Ин гурӯҳи ронандагон 30-юми март муроҷиатномаи видеоиеро ба номи президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев пахш карданд.

Дар сафорати Узбекистон дар Гурҷистон гуфтанд, ки ҳоло бо мақомоти Туркия гуфтугӯ доранд, то ба мошинҳои ҳомили пахтаи Узбекистон иҷозати вуруд диҳанд. "Рӯзи ҳаштум аст, ки мо дар марзи Гурҷистон бо Туркия ҳастем. Ҳар рӯз маҷбурем пули таваққуфгоҳро низ диҳем. Ба Узбекистон низ баргашта наметавонем",-гуфт яке аз ронандаҳои дармонда.

Ҳамсуҳбатони мо мегӯянд, марзбонони Туркия танҳо ба мошинҳои дорои рақамҳои узбекӣ иҷозати вуруд намедиҳанд. "Мошинҳои Русия, Гурҷистон ва Озарбойҷон озод вориди Туркия мешаванд. Вале ба мо мегӯянд, ки карантин аст, мумкин нест",-изҳор дошт як ронанда.

Вазорати умури хориҷӣ ва ниҳодҳои дахлдори дигари Узбекистон қазияро шарҳ намедиҳанд

Тими Толибон барои назорат аз озодкунии зиндониҳо ба Кобул рафт

Толибон дар зиндони Пули Чархии Кобул

Се узви Толибони Афғонистон ба Кобул барои назорат аз ҷараёни озодкунии Толибони зиндонӣ рафтанд. Ин бахше аз созиши сулҳи ИМА ва Толибон аст, ки моҳи феврал имзо шуд.

Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон гуфт, ки рӯзи 31 март як тими “фаннӣ” ба Кобул ворид шуда, ният дорад дар ҷараёни озодкунии зиндониҳо тавассути шиносоии онҳо ва ҳам дар интиқоли онҳо ёрӣ расонад. Ин аввалин бор аст, ки баъди ноябри соли 2011 аз қудрат дар Афғонистон дур карда шудани Толибон ҳайати расмии онҳо вориди Кобул мешавад.

Як мақоми аршади ҳукумати Афғонистон дар сӯҳбат бо Ройтерс гуфт, ки “онҳо ҳамин ҷо ҳастанд” ва “агар ҳама чиз аз рӯи нақша пеш равад, озодкунии зиндониҳо дар чанд рӯзи баъдӣ шурӯъ мешавад”. Нақшаи бар асоси созиши сулҳи 29 феврал мувофиқашуда ин буд, ки Толибон як ҳазор зиндонии узви нирӯҳои ҳукуматӣ ва ҳукумати Афғонистон 5000 зиндонии Толибонро озод мекунанд.

Инчунин бар асоси тавофуқи ҷонибҳо, Толибон қарор аст бо ҳукумати Афғонистон вориди муколамаи мустақим шаванд.

Мақомот: Мавридҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон сабт нашудааст

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, ки аз аввали моҳи феврал то охири моҳи март 6222 шаҳрвандоне, ки аз хориҷ ба Тоҷикистон омаданд, ба карантин фаро гирифта шуданд. Ин вазорат рӯзи 1-уми апрел хабар дод, ки аз ин шумора 2145 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни замон 4077 тани дигар дар беморхонаҳо дар карантин қарор доранд.

Вазорати тандурустӣ ҳамзамон хабар додааст, ки то 31-уми март дар кишвар ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст. Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, сарфи назар аз ин, чораҳои пешгирикунанда тақвият бахшида шудааст. Аз ҷумла, ҳамаи парвозҳои байналмилалӣ манъ шуда, афроде, ки аз берун меоянд барои ду ҳафта ба карантин фиристода мешавад.

Коронавирус дар моҳи декабри соли гузашта дар Чин пайдо шуд. То кунун дар саросари ҷаҳон беш аз 861 ҳазор нафар ба ин беморӣ гирифтор шуда, беш аз 42 ҳазор тани дигар ҷон бохтаанд.

Украина гуфт, як шабакаи ҷосусии афсари нирӯҳои баҳрӣ ва ФСБ-и Русияро ошкор кард

Хадамоти амнияти Украина

Хадамоти амнияти Украина гуфт, ки як канали ҷосусии муколамаи миёни афсари баландпояи нирӯҳои баҳрии Украина ва Хадамоти амнияти федеролиро, ки дар нимҷазираи Қрими аз ҷониби Русия ишғолшуда қарор дорад, ошкор кардааст.

Дар изҳороти рӯзи 31 марти СБУ ё Хадамоти амнияти Украина омадааст, ки ҷараёни аз дастрасӣ ба иттилои махфӣ ва аз рутбаҳои низомӣ маҳрум кардани ин афсар шурӯъ шудааст.

Дар изҳорот ҷузъиёти марбут ба ному рутба ва ҳолати кунунии ин афсар оварда намешавад.

СБУ гуфт, ки соли 2014, замони дар хидмати низомӣ дар Қрим буданаш, ки давраи аз ҷониби Русия ишғол шудани нимҷазира аст, ин афсар барои Киев савганди вафодорӣ хонда буд. Дар ин матн омадааст, ки афсар он замон дар академияи баҳрии шаҳри бандарии Севастопол ироаи кӯмак ба нирӯҳои амниятии Русияро рад кард. Вале баъди ин, ба навиштаи СБУ, бо вуҷуди ба Украина кӯчиданаш, ӯ бо афсарони ФСБ-и Русия дар тамоси доимӣ будааст.

Ин афсар, ба изҳороти СБУ, ба иттилои махсусан махфии марбут ба масоили дифоӣ дастрасӣ дошт.

СММ аз рақибони сиёсӣ дар Афғонистон хост, барои сулҳ якҷо иқдом кунанд

Ғанӣ ва Абдуллоҳ ҳар як худро барандаи интихоботи президентӣ эълон карданд ва ин даъвоҳо боиси эҷоди бӯҳрони нави сиёсӣ шудааст

Шӯрои амнияти СММ аз рақибони сиёсӣ дар Афғонистон хост, ки ба хотири ниҳоӣ кардани муколама бо Толибон ҳамроҳ иқдом кунанд. Ингрид Ҳайден, муовини дабири кулли СММ ва намояндаи вижа дар Афғонистон рӯзи 31 март гуфт, ки президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва рақиби сиёсии ӯ Абдулло Абдулло бояд аз ин фурсати таърихии кишвар истифода кунанд.

Ингрид Ҳайден гуфт: “Зоҳиран Афғонистон ба як лаҳзаи ҳалкунанда наздик мешавад. Тахминан ду даҳсола баъди мудохилаи нирӯҳои эътилофӣ (ба раҳбарии ИМА), суоли ин Ҷумҳурии Исломӣ чунин аст: оё раҳбарони он қодир ба пешбурди муколамаи бомазмун бо Толибон ба хотири дастёбӣ ба сулҳи бардавом ҳастанд?”

Ӯ афзуд, ки дар шароити таҳдиди коронавирус ба сиҳҳатии аҳолии Афғонистон пойдории сохторҳои ин кишвар ҳам таҳти хатар қарор мегирад.

Фиристодаи ИМА барои Афғонистон Залмай Халилзод рӯзи 29 феврал дар Давҳа бо Толибон созиши сулҳ имзо кард ва бо умеди ин ки баъди 19 соли ҷанг дар Афғонистон сулҳ пойдор мешавад, Пентагон ба хуруҷи нирӯҳояш шурӯъ кард.

Вале мубориза барои қудрат дар миёни Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдулло, раиси ҳукумати иҷроияи Афғонистон метавонад ҷараёни сулҳро ба ҳам занад. Ҳарду рақиб худро барандаи интихоботи сентябри порсол эълон карданд, вале натиҷаҳои расмӣ Ғаниро пирӯз медонад.

Ба собиқадорони ҷанг дар Узбекистон як ҳазордолларӣ медиҳанд

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон бо собиқадорон ҷанг. Акс аз бойгонӣ.

Дар Узбекистон ба ҷанговарон ва маъюбони Ҷанги Дувуми Ҷаҳон 10 миллион сӯмӣ (1 ҳазордолларӣ) медиҳанд. Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 30-юми март дар ин бора қарор имзо кард.

Қарори мазкур "бо ҳадафи кумаки молӣ ба ҷанговарон ва маъюбони ҷанг дар робита ба таҷлили 75-солагии пирӯзӣ бар фашизм" қабул шудааст.

Ба вазорату ниҳодҳо ва мақомоти маҳаллӣ дастур шудааст, ки кӯмакпулиҳоро ба ҷанговарон расонанд.

Соли гузашта дар Узбекистон ба ин афрод наздики 750-долларӣ тақдим карда буданд. Дар соли 2018 ин навъи кумакпулӣ қариб 500 доллар ва дар соли 2017 ҳудуди 200 долларро ташкил медод. Бино бар омори ахир, дар Узбекистон 878 собиқадори Ҷанги Дувуми Ҷаҳон зиндагӣ мекунад.

Аз 6,5 миллион аҳолии Узбекистон дар замони Ҷанги Дувуми Ҷаҳон, 1,5 миллион ба ҷабҳа рафта буд, ки 420 ҳазор барнагашт ва 640 ҳазори дигар маъюб шуд.

Дар Туркманистон ба забон овардани "коронавирус" манъ шуд

Шаҳри Ишқобод, 20 март, 2020.

Мақомоти Туркманистон истифодаи калимаи "коронавирусро"-ро манъ карданд. Ин ибора на танҳо дар расонаҳои давлатӣ, балки дар варақаҳои иттилоотие ҳам истифода намешавад, ки дар мактабҳову беморхонаҳо тақсим мекунанд. Дар ин бора сомонаи мустақили Turkmenistan Chronicle иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи сокинон, гуфтугӯ дар кӯча дар атрофи коронавирус метавонад, бо боздошт хатм шавад. Ба ҷуз ин, кормандони мақомот дар либоси мулкӣ миёни мардум мегарданд ва ба гуфтугӯи онҳо гӯш медиҳанд.

Ба иттилои расмӣ, дар Туркманистон - яке аз пӯшидатарин кишварҳои худкомаи дунё - ҳеҷ ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст. Аммо дар он кишвар тадбирҳои пешгирӣ аз густариши коронавирус амалӣ мешавад. Ин тадбирҳо ба кишварҳое монанд аст, ки коронавирус дар онҷо роҳ ёфтааст.

Ба иттилои расонаҳо, дар Туркманистон мағозаҳо, марказҳои хизматрасонӣ баста мешаванд ва ба таври дастаҷамъӣ ҳарорати сокинонро месанҷанд. Таътили баҳорӣ дар мактабҳо тамдид шудааст.

Тоқаев тадбирҳо барои дастгирии шаҳрвандону тиҷоратро номбар кард

Қосимҷомарт Токаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон.

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 31-уми март дар як паёми видеоияш тавассути телевизионҳои давлатӣ як қатор тадбирҳоеро ном гирифт, ки ба гуфтаи ӯ, ба "дастгирии шаҳрвандону тиҷорат дар ин кишвар равона шудаанд".

Аз ҷумла, Тоқаев гуфт, нафақа ва кӯмакпулиҳо индексатсия ё худ то ба 10 дарсади солона боло бурда мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати Қазоқистон барои ин 200 миллиард танга (ҳудуди 444 миллион доллар) ҷудо мекунад.

Ин тадбирҳо дар пасманзари поинравии арзиши тангаи қазоқӣ эълом шуданд. Танга дар давоми се ҳафтаи ахир дар баробари доллари амрикоӣ 18 дарсад беқурб шудааст.

Тоқаев афзуд, кумакпулӣ дар ҳаҷми маоши ҳадди ақал (ҳудуди 90 доллар)-ро дар баробари кормандони расмӣ онҳое низ дарёфт хоҳанд кард, ки расман бекор ба қайд гирифта шуда буданд. Ҳукумати Қазоқистон ба шахсоне низ кумак ваъда медиҳад, ки ба иллати коронавирус ва эъломи карантин даромади худро аз даст додаанд.

Ба гуфтаи ӯ, маъюбони гуруҳҳои 1, 2 ва онҳое, ки расман ҳамчун бекор ба қайд гирифта шудаанд, ройгон маҳсулоти ғизоӣ дарёфт хоҳанд кард. Ҳамчунин ҳамаи қазоқистониҳо новобаста аз он ки бимаи ҳатмии тиббӣ доранд, ё не, то 1-уми июли соли равон кӯмаки тиббӣ дарёфт мекунанд.

Президенти Қазоқистон илова кард, тиҷоратҳои хурду бузург дар бахшҳои иқтисоди ин кишвар, ки бештар осеб дидаанд, аз 1 апрел то 1 октябри соли равон аз пардохти андозу бунёди нафақа озод карда мешаванд. Ба ин бахшҳо маконҳои ғизои умум, хизматрасониҳои нақлиётӣ, машваратӣ, меҳмонхонаҳо ва сайёҳӣ шомил мешаванд.

Дар Қазоқистон то 31-уми марти соли равон 343 кас ба коронавирус мубтало шуда, ду кас аз он ҷон бохтааст.

Шоҳзодаи Бритониё хонаводаи шоҳро тарк кард

Шоҳзодаи Бритониё Гаррӣ ва ҳамсараш Меган Маркл 31-юми март аз салоҳиятҳои аъзои хонаводаи подшоҳӣ расман даст кашиданд.

Яке аз расмиёти охирин хайрухуши онҳо бо мухлисонашон дар саҳифаи "Sussex Royal" ва Instagram буд. Гаррӣ ва Маркл дигар ҳақ надоранд, аз ин саҳифа истифода кунанд.

Гаррӣ ва Маркл ҳамчунин вазифадор шуданд, 2,4 миллион фунтеро баргардонанд, ки дар таъмири қасрашон сарф шуда буд.

Дар ҳоли ҳозир ин ҷуфт ҳамроҳи писарашон Арчӣ дар шаҳри Лос-Анҷелес. зиндагӣ мекунанд.

Шоҳзода Гаррӣ ва ҳунарманди амрикоӣ Меган Маркл 19-уми майи соли 2018 издивоҷ карданд. Ин дувумин издивоҷи Меган Маркл аст. Онҳо 6-уми майи соли 2019 соҳиби писар шуданд.

Думаи Русия ба сарвазир Мишустин ҳаққи эълони вазъи фавқулодаро дод

Вакилони Думаи Русия 31 март тарҳи наверо қабул карданд, ки бар пояи он сарвазири ин кишвар Михаил Мишустин ҳуқуқ дорад, дар саросари Русия вазъи фавқулода эълон кунад.

Қонуни нав дар ҳоле тасвиб мешавад, ки шумораи гирифторони коронавирус дар Русия дар як шабонарӯз 27 дарсад боло рафт ва аз 500 ба 2337 нафар расид.

Бино бар қонуни нав барои онҳое, ки “дар ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ“ огоҳона ”иттилооти бардурӯғ паҳн мекунанд, панҷ соли зиндонва барои онҳзое, ки қоидаҳои санитарӣ ва гигиенӣ, ба монанди карантинро намепазиранд, то ҳафт соли зиндон ҷазо муқаррар кард.

Гурӯҳи кории федералии зиддикоронавирусии Русия рӯзи 31 март гуфт, ки шумораи фавтидагон дар як шаб ҳашт нафарро ташкил дода, шумораи умуми онҳо ба 17 нафар расид. Мунаққидон ва ҳатто шаҳрвандони одӣ ба дурустии рақамҳои расмӣ шубҳа доранд ва шеваи санҷишҳоро қаноатбахш намешуморанд.

Ҳукумати Қирғизистон нақшаи кумак ба соҳибкоронро тасдиқ кард

Муҳаммадқулӣ Абилғозиев, сарвазири Қирғизистон нақшаи кумак ба соҳибкорони кишварашро тасдиқ кард. Дар ин бора аз маркази матбуотии ҳукумати Қирғизистон хабар доданд.

Дар нақшаи тасдиқшуда чанд сабукӣ, аз ҷумла тамдиди муҳлати пардохти андоз пешбинӣ шудааст. Дар нақша ҳамчунин омадааст, ки соҳибкорон барои напардохтани андоз то 1 июл ҳеч гуна муҷозот нахоҳанд шуд.

Ба мақомоти маҳаллӣ пешниҳод шудааст, сар аз 1 апрел барои 3 моҳ аз иҷорашинони биноҳои давлатӣ ҳаққи иҷора талаб накунанд. Инчунин тавсия шудааст, ки давоми 3 моҳ неруи барқ, об, газ, хизматрасонии телефон ва Интернети соҳибкорон қатъ нашавад.

Дар се шаҳр ва се ноҳияи калони Қирғизистон сар аз 25 март ҳолати фавқулода эълом шудааст. Рӯзона ҳаракати одамон ва нақлиёт маҳдуд ва аз соати 20:00 то 07:00 қуюди шабгардӣ ҷорӣ шудааст.

То 31 март дар он кишвар 107 ҳолати гирифторӣ ба вируси корона сабт шудааст.

Порлумони Украина қонуни фурӯши заминро қабул кард

Шаби душанбе ба сешанбеи 30 март порлумони Украина дар як ҷаласаи махсус қонун дар бораи фурӯши заминро қабул кард.

Ҷаласа қариб 12 соат давом ва нисфишабӣ ба поён расид. Ҷаласа бо баҳсу ҷанҷол хатм шуд. Ҷиноҳи “Платформаи мухолиф – Барои ҳаёт”, ки зидди қабули қонун буд, талоши барҳам задани кори порлумонро кард ва президенти Украина Владимир Зеленский маҷбур шуд, ду маротиба ба порлумон ояд ва вакилонро барои раъйи мусбат додан ташвиқ кунад.

Дар ниҳоят қонун бо 259 раъйи ҷонибдор қабул шуд.

Қонуни қабулшуда бозори заминро аз 1 июли соли 2021 таъсис медиҳад. То соли 2024 танҳо шахсони воқеӣ ҳаққи харидани заминро доранд, он ҳам на бештар аз 100 га. Баъд аз соли 2024 фурӯши замин то 10 ҳазор га ба роҳ монда шуда, шахсони ҳуқуқӣ ҳам ҳаққи хариди заминро соҳиб мешаванд.

Дар ҳамин ҳол азхудсозии заминҳои давлатӣ манъ мешавад ва хориҷиҳо танҳо дар сурате ба хариди замин ҳақ пайдо мекунанд, ки дар раъйпурсии умумихалқӣ аксари сокинон ризоият диҳанд. Раъйпурсии умумӣ баъдтар баргузор хоҳад шуд. Дар ҳар сурат ширкатҳои офшорӣ, шахсони ҳуқуқии марбут ба шаҳрвандони Русия аз ҳаққи хариди заминҳои Украина маҳрум мешаванд.

Қонун дар бораи фурӯши замин яке аз ваъдаҳои интихоботии президент Владимир Зеленский аст.

Пештар аз ин гуфта мешуд, ки дар сурати қабули ин қонун созмонҳои молии аврупоӣ ба Украина 10 миллиард доллар қарз ҷудо хоҳанд кард.

Русия аз ихтирои абзори нави ташхиси вируси нав хабар дод

Донишкадаи марказии илмиву пажуҳишии эпидемиологии Русия дастгоҳ ё василаи ташхиси дақиқи вируси коронаро сохтааст.

Ин ташхис аз санҷиш гузашта, барои истифода дар ҳудуди Русия сабт шудааст. Дар ин бора аз маркази матбуотии Роспотребнадзор хабар дод. Усули ташхиси нав номи "АмплиСенс Cov-Bat-FL"-ро гирифтааст.

Бино ба иттилои ситоди фаврии назорати вазъи вируси корона, дар 71 минтақаи Русия то санаи 30 март 1836 ҳолати гирифторӣ ба ин вирус сабт шудааст. 11 кас фавтидааст. Бештари гирифторон ба шаҳри Москва рост меояд. Дар ин шаҳр 1200 ҳолати гирифторӣ ва 7 ҳолати марг сабт шудааст.

Беморон дар Узбекистон пеш аз бистарӣ шудан бояд табибро ба хона даъват кунанд

Нурмат Отабеков, мудири муассисаи давлатии санитариву эпидемиологии Узбекистон шарҳ дод, ки дар шароити маҳдуд будани ҳаракати нақлиёт беморон чи гуна метавонанд то бемористон расанд.

Отабеков гуфт, роҳи ягонаи бистарӣ шудан дар бемористон – даъвати табибон ба манзил аст. “Агар шумо табибонро ба манзил даъват кунед, дар ҳолати зарурат шуморо ба бемористон интиқол медиҳанд”, - гуфт вай.

Отабеков ҳамзамон афзуд, дорухонаҳо сокинони навоҳӣ ва деҳотро бо дору таъмин мекунанд.

Ин масъули муассисаи давлатии санитариву эпидемиологии Узбекистон гуфт, афроде, ки мехоҳанд, дар мубориза ба зидди вируси корона ба ҳайси табиб саҳм гузоранд, бояд дар рӯйхати табибони эҳтиётӣ сабти ном шаванд. Вай гуфт, ҳар 14 рӯз табибон иваз мешаванд ва ба табибони нав эҳтиёҷ пайдо мегардад.

Дар ҳоли ҳозир дар Узбекистон 158 ҳолати гирифторӣ ба вируси корона сабт шудааст.

Меҳмонхонаи Hilton дар Душанбе фаъолияташро муваққатан қатъ кард

Меҳмонхонаи "Hilton"-и Душанбе бо нашри баёнияе иттилоъ дод, ки фаъолияташро ба таври муваққатӣ қатъ мекунад. Ин меҳмонхонаи 5-ситорадори Душанбе тасмимашро ба паҳншавии коронавирус дар ҷаҳон, қатъ шудани парвозҳо ва коҳиши муштариҳо рабт дод.

Мудири кулли Hilton дар саҳифаи расмии меҳмонхона дар Фейсбук навишт, аз 1-уми апрел фаъолияти меҳмонхонаро муваққатан бозмедоранд ва талабу дархостҳоро барои баргузории чорабиниҳо ва иҷораи утоқҳо намепазиранд.

Ин меҳмонхона ҳамзамон эълон накардааст, ки фаъолияти худро дигарбора кай аз сар мегирад.Павел Йиндра, менеҷери кулли Hilton Dushanbe дар ин паём навиштааст, дигаргуниҳо роҷеъ ба паҳншавии коронавирус ва оғози дигарбораи парвозҳоро аз наздик пайгирӣ мекунанд ва дар ҳолати тағйири вазъ, муштариёнашонро огоҳ месозанд.

Меҳмонхонаи панҷситорадори "Hilton" дар моҳи сентябри соли 2014 мавриди истифода қарор дода шуд. Дар оғоз он "Шератон" ном дошт ва бо харҷи 275 миллион сомонӣ ё ҳудуди 55 миллион доллар аз сӯи ширкати хусусии СИ ЕЙ ЧЕЛ-и Ҳиндустон бунёд шуд.

Ин меҳмонхонаи 15-табақа дорои 148 утоқ буда, барои қабули ҳатто меҳмонони сатҳи баланд низ пешбинӣ шудааст. Меҳмонхона дорои толорҳои маҷлису гуфтушунид, ду тарабхона ва толорҳои варзишӣ мебошад.

Аз ин пеш, меҳмонхонаи "Ҳаят реҷенсӣ" дар Душанбе дар вебсайти худ гуфта буд, ки дар фаъолияти худ маҳдудиятҳоеро роҳандозӣ кардааст. Ба гуфтаи намояндагони меҳмонхона, камбуди сайёҳон онҳоро водор кардааст, ки ба чунин иқдом даст зананд. Вале манбаъ афзудааст, ки роҳбарияти меҳмонхона тасмим гирифтааст, ки фаъолиятро пурра қатъ накунанд ва ба бозсозии биноҳо машғул шаванд.

Ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон – "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" ва чаҳор фурудгоҳи байналмиллалии кишвар низ бархе аз кормандони худро ба рухсатии бемузд фиристодаанд.

Куштори 28 сарбоз дар Афғонистон ва ба таъхир уфтодани озодкунии Толибон

Таҳаввулоти ахир дар ҳолест, ки Афғонистон бо коронавирус ҳам дастбагиребон аст

Мақомот гуфтанд,ки дар чанд ҳамлаи ахир ҷангҷӯён дар Афғонистон 28 узви нирӯҳои амниятиро куштанд. Ин дар ҳолест, ки ҳукумат барномаи озодкунии Толибони зиндониро ба таъхир гузошт. Рӯзи 29 март гурӯҳи ҷангҷӯён ба қароргоҳи полиси вилояти Тахор ҳуҷум карда, 13 афсари полисро кушта бар ҷой гузоштанд. Дар ин ҳодиса як ходими аршади полис маҷрӯҳ шуд. Дар вилояти Зобул рӯзи 29 март ҷангҷӯёни Толибон ба посгоҳҳои амниятии ҳукуматӣ ҳамла карда, дастикам 11 сарбозро куштанд. Дар ҳамлаҳои вилоятҳои Ҳилманду Бағлон чор узви нирӯҳои давлатӣ кушта шуд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 31 март Шӯрои амнияти миллии Афғонистон гуфт, ки ҳукумат барномаи озодкунии 100 зиндонии Толибонро ба таъхир мегузорад. Созиш дар заминаи озодкунии зиндониҳои сиёсии ҳукуматӣ ва шӯришиён дар чаҳорчӯби қарордоди сулҳи ИМА ва Толибон дар моҳи феврал ҳосил шуда буд.

Ҳодисаҳои нави олудашавӣ ба вирус дар Чин сабт шудааст

Роботе дар Вуҳан кӯчаҳоро "дезинфексия" мекунад

Чин гузориш дод, ки баъди чор рӯзи камшавии ҳодисаҳои нави олудашавӣ ба коронавирус, рӯзи 31 март дубора афзоиши ҳодисаҳои олудашавӣ мушоҳида шудааст. Чин, ки сарчашмаи пайдоиши коронавирус маҳсуб меёбад, гуфт, ки 48 ҳодисаи нави гирифторшавӣ ба коронавирус дар афроде мушоҳида шудааст, ки аз хориҷа олуда шуда омадаанд. Дар шаҳри Вуҳан, макони пайдошавии вирус даргузашти як нафар бар асари Ковид-19 гузориш шуд, вале мақомот гуфтанд, азбаски дар дохили кишвар дигар ҳодисаҳои одудашавӣ вуҷуд надорад, шаҳр ва вилояти Ҳубей барои боз кардани марзҳояш наздик мешавад. Вале мутахассисон бо назардошти як кишвари баставу ноозод ва шадидан назоратшаванда будани матбуоти Чин мегӯянд, ба ин изҳороти мақомот набояд зиёд эътимод кард.

Дар ИМА ҳодисаҳои олудагӣ аз 164 ҳазор нафар бештар шуда, дар кишваре бо 330 миллион ҷамъият озмоишҳои бештари тиббӣ вазъи воқеии гирифторонро рӯшантар собит мекунад.

Аз замони шурӯи паҳншавии пандемияи коронавирус, дар саросари сайёра то ҳол 37638 нафар ҷон додаанд.

Садама дар Ваҳдат. Ду нафар ҷон бохта, ду каси дигар маҷруҳ шуданд. ВИДЕО

Ҳалокати ду нафар дар садамаи шаҳри Ваҳдат
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:38 0:00

Дар натиҷаи садамае дар шаҳри Ваҳдат ду нафар ҷон бохта, ду каси дигар дар бемористон бистарӣ карда шудаанд.

Мақомоти корҳои дохилӣ гуфтанд, ҳодиса рӯзи 30-юми март рӯй дод. Ба иттилои расмӣ, ронандаи 71-сола Боймаҳмад Одинаев идораи мошинро аз даст дода, боис ба садама шудааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар иттилоияе гуфт, Одинаев савори "Лексус-РХ-350" ҳангоми ҳаракат дар рӯ ба рӯи бозори "Автостансия"-и шаҳри Ваҳдат ба худрави тамғаи "Мерседес-Бенс" бархӯрдааст.

Баъди садама ӯ хостааст, мошинро ба қафо ҳаракат диҳад, вале сокинони дар истгоҳ истодаро пахш кардааст.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ин ҳодиса ду зани пиёдагард - Файзимо Холмуродоваи 37-сола ва Хиромон Комиловаи 47-сола ҷон доданд.

Шоҳидон навори лаҳзаи садамаро ба Радиои Озодӣ фиристода ва гуфтанд, ронандаи мошин бемори қанд буда, бо хуруҷи ин беморӣ назорати мошинро аз даст додааст.

Ҳанӯз наздикони фавтидаҳо ва маҷруҳон дар робита ба ин ҳодиса изҳори назар накардаанд.

Фавти шаҳрванди дувуми Қазоқистон аз коронавирус

Қазоқистон, 18 март, 2020.

Сардори Идораи тандурустии шаҳри Нурсултон Сауле Кисикова рӯзи сешанбе дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки дар яке аз бемористонҳои пойтахти Қазоқистон як бемор бар асари коронавирус ҷон бохтааст.

Ба гуфтаи ӯ, ин марди 50-соларо 21-уми марти соли равон кормандони "ёрии таъҷилӣ" ба беморхона интиқол дода буданд. "Як моҳ беморӣ кашидааст. Ӯ ба хотири сафари хидматияш ба ёрии тиббӣ муроҷиат накардааст. Ҳоло ҷамъан 31 нафар аз аъзои хонавода, дӯстон ва ҳамкоронаш бистарӣ карда шудаанд",-афзуд Кисикова.

Ҳамчунин 50 каси дигар, ки бо ин мард тамос доштанд, карантини хонагӣ ва дар ду узви хонаводааш коронавирус ошкор карда шудааст.

Мақомоти Қазоқистон 26-уми март аз нахустин қурбонии коронавирус дар ин кишвар хабар доданд. Зани 64-солаи мубтало ба коронавирус аз вилояти Акмолин дар бемористони Нурсултон ҷон бохта буд.

Дар Қазоқистон то 31-уми март 325 ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуда, ҳамакнун шумори фавтидагон аз он ба ду кас расид.

Парванда алайҳи як мард дар Тошканд барои баргузории арӯсии духтараш

Узбекистон тадбирҳои сахт ҷорӣ кардааст.

Пулиси ноҳияи Юнусободи Тошканд зидди як сокини 55-солаи маҳаллӣ барои баргузор кардани маросими арӯсии духтараш бо иштироки дӯстони хонаводаи худу домод парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Ба огаҳии пулис, дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Нақзи қонунгузории санитарӣ ё қоидаҳои мубориза бо бемориҳои сироятӣ"-и Кодекси ҷиноии Узбекистон парванда боз карда шудааст.

Ин банд ҷарима ба андозаи аз 11,1 миллион то 22,3 миллион сӯм (1150-2300 доллари амрикоӣ), маҳдуд кардани озодӣ аз 1 то 3 сол ё маҳрум шудан аз озодӣ ба муҳлати то 5 солро пешбинӣ мекунад.

Пештар низ хабар дода шуд, ки сокинони шаҳри Тошканди Узбекистон 27 март сарфи назар аз эъломи карантин кушиш карданд, ки дар саҳни яке аз биноҳои баландошёнаи зисти ноҳияи Чилонзор тӯй баргузор кунанд. Нақзкунандагони карантин ба маблағи беш аз 1 миллион сӯм (100 доллар) ҷарима карда шуданд.

Дар Узбекистон ба иллати коронавирус аз 16 март карантин эълом шудааст. Ҳамчунин аз 27 март сокинони ин кишвар вазифадор шудаанд, ки бидуни зарурат ба берун набароянд. Онҳо танҳо ба хотири хариди дору ва ғизо ҳаққи берун рафтанро доранд.

Дар ин кишвар то рӯзи 31 март шумори мубталоён ба коронавирус ба 158 нафар расида, 7 нафар шифо ёфтанд ва ду кас ҷон бохтанд.

Тошканд ирсоли ҳавопаймо барои овардани муҳоҷиронро рад кард

Бинои вазорати умури хориҷии Узбекистон.

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон рӯзи 30-юми март хабар дод, ки барои баргардонии муҳоҷирон аз Русия ҳавопаймо фиристода намешавад.

"Дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳо паҳн мешавад, ки гӯё рӯзҳои наздик ба Русия ҳавопаймо ирсол мегардад. Қаллобон пулҷамъкуниро аз хоҳишмандони баргаштан ба ватан шуруъ кардаанд ва "рӯйхат"-и мусофиронро ҳам тартиб медиҳанд",-иттилоъ додааст ВКХ.

Вазорат муҳоҷиронро огоҳ кардааст, ки фиреби қаллобонро нахӯранд ва ба хабарҳои шабакаҳои иҷтимоӣ бовар накунанд. "Аз 30 март то 20 апрел тамоми фурудгоҳҳои Узбекистон фаъолияташонро қатъ ва парвозҳоро манъ кардаанд",-омадааст дар хабари вазорат.

Вазорат ҳамзамон ба муҳоҷирон тавсия додааст, ки ба хотири эмин мондан аз мубталошавӣ ба вируси корона макони зисти муваққат ва ё доимии худро тарк накунанд.

Гардиши қатора миёни Узбекистону Русия аз 16 март қатъ гардида, 18 март хабар расид, ки баъди қатъи парвози ҳавопаймоҳо миёни ду кишвар ҳазорон узбекистонӣ наметавонанд, ба ватанашон баргарданд.

Сафорати Узбекистон дар Москва аз муҳоҷирон дархост кардааст, ки вазъро дуруст дарк кунанд ва ба иғвову воҳима дода нашаванд.

То имрӯз дар Узбекистон 149 кас ба вируси корона мубтало шуда, 2 тан фавтидааст. Ҳамзамон 7 нафар шифо ёфтааст.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG