Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон 90 дар сади ҳосили пахта чида шудааст


Дар Тоҷикистон 324,7 ҳазор тонна ваё беш аз 90 дарсади ҳосили пахтаи имсола чида шудааст. Дар ин бора хабаргузории “Авеста” бо такя ба вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар хабар омадааст, ки кишоварзони Суғд ва навоҳии тобеи марказ нақшаро барзиёд иҷро карда, дар вилояти шимолии Тоҷикистон 112,3 ҳазор тонна ва дар ноҳияҳо 11,5 ҳазор тонна пахта чидаанд. Кишоварзони Хатлон то имрӯз беш аз 200,8 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ кардаанд.

Нақшаи имсола чидани тахминан 400 ҳазор тонна пахта мебошад, соли гузашта ҳосили ин маводи стратегии кишоварзӣ ва ҳам яке аз маҳсулоти аслии содиршаванда аз Тоҷикистон ба хориҷа - 390 ҳазор тоннаро ташкил дод.

XS
SM
MD
LG