Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон аз тими миллии Умон бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Ин бозии дувуми дӯстона миёни футболбозони Умону Тоҷикистон шаби якшанбеи 16-уми декабр дар шаҳри Масқат, дар маҷмааи варзишии Султон Кобус, доир гардид.
Голи ягона дар нимаи дувуми бозӣ зада шуд. Тӯбро Халид Ал-Ҳаҷрӣ, бозигари мунтахаби Умон, дар дақиқаи 58-ум ба ҳадаф расонд. Бозии аввали дӯстона низ 13-уми декабр дар шаҳри Масқат бо пирӯзии тими миллии Умон бо ҳисоби 2:1 хотима ёфта буд. Зимнан, ин дувумин бозии мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии мутахассиси 53-солаи узбекистонӣ Усмон Тошев ба шумор мерафт.
Дар ин бозӣ нисбат ба бозии аввал дар ҳайати ибтидоии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳафт тағйирот ба амал омад. Инчунин се бозигари мунтахаби ҷавонони кишвар – дарвозабон Фатҳулло Бобоев, ҳимоятгар Ваҳдат Ҳанонов ва ҳамлагар Муҳаммадҷон Лоиқов – барои бори аввал дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон ба майдон омаданд.
Дарвоқеъ, дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар бозии аввали дӯстона муқобили тими миллии Умон барои аввалин бор панҷ бозигари тими мунтахаби ҷавонони кишвар - дарвозабон Шоҳрух Қирғизбоев, ҳимоятгар Ҳусейн Нурматов, нимҳимоятгарон Шарафҷон Солеҳов, Шервонӣ Мабатшоев ва Кароматулло Саидов - бозӣ карда буданд.
Ҳамакнун мунтахаби Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 20-уми декабр дар шаҳри Манама бо тими миллии Баҳрайн бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона муқобили тимҳои миллии Умон ва Баҳрайн:
Дарвозабонҳо: Беҳрӯз Хайриев («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Барқчӣ»), Фатҳулло Бобоев («Хатлон»);
Ҳимоятгарон: Зоир Ҷӯрабоев («Металлург», Узбекистон), Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Табрези Давлатмир (ҳарсе - «Истиқлол»), Хуршед Бекназаров («Хуҷанд»), Ваҳдат Ҳанонов, Ҳусейн Нурматов (ҳарду – «Барқчӣ»), Доробҷон Эргашев (ССКА «Помир»), Бахтиёр Қаландаров («Регар-ТадАЗ»);
Нимҳимоятгарон: Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳарсе – «Истиқлол»), Шервонӣ Мабатшоев, Шарафҷон Солеҳов (ҳарду – «Барқчӣ»), Кароматулло Саидов («Хатлон»), Муҳсинҷон Абдуғаффоров (ССКА «Помир»);
Ҳамлагарон: Муҳаммадҷон Лоиқов («ЮАС-Житковичи», Беларус), Шериддин Бобоев, Комрон Турсунов (ҳарду – «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»);
Бозиҳои дӯстона
13-уми декабр (панҷшанбе)
Умон – Тоҷикистон – 2:1
Голҳо: Муҳаммад Ал-Ҳасанӣ, 74 (1:0). Матаз Солеҳ, 76 (2:0). Шарафҷон Солеҳов, 89 (2:1).
Тоҷикистон: Шоҳрух Қирғизбоев, Сиёвуш Асроров, Хуршед Бекназаров, Зоир Ҷӯрабоев, Бахтиёр Қаландаров (Ҳусейн Нурматов, 80), Амирбек Ҷӯрабоев (Кароматулло Саидов, 84), Аҳтам Назаров, Муҳаммадҷон Раҳимов (Шервонӣ Мабатшоев, 77), Комрон Турсунов, Эҳсони Панҷшанбе (Шарафҷон Солеҳов, 87), Ҷаҳонгир Эргашев (Шериддин Бобоев, 69).
Огоҳӣ: Хуршед Бекназаров (Тоҷикистон).
Сардовар: Муҳаммад Ҳасан Маҳмуд Арафа (Урдун).
Комиссари бозӣ: Салим Абдулло Ал-Салхӣ (Умон).
Масқат, маҷмааи варзишии Султон Кобус. 1500 тамошогар.
16-уми декабр (якшанбе)
Умон – Тоҷикистон – 1:0
Гол: Халид Ал-Ҳаҷрӣ, 58.
Тоҷикистон: Фатҳулло Бобоев, Ваҳдат Ҳанонов, Хуршед Бекназаров (Сиёвуш Асроров, 82), Ҳусейн Нурматов, Зоир Ҷӯрабоев (Табрези Давлатмир, 90+2), Кароматулло Саидов, Аҳтам Назаров (Эҳсони Панҷшанбе, 86), Муҳаммадҷон Раҳимов (Комрон Турсунов, 76), Шервонӣ Мабатшоев (Муҳсин Абдуғаффоров, 80), Шарафҷон Солеҳов, Шериддин Бобоев (Муҳаммадҷон Лоиқов, 88).
Огоҳӣ: Носир Ал-Шмалӣ (Умон), Ҳусейн Нурматов (Тоҷикистон).
Сардовар: Аҳмад Халид Ал-Алӣ (Кувайт).
Комиссари бозӣ: Салим Абдулло Ал-Салхӣ (Умон).
Масқат, маҷмааи варзишии Султон Кобус. 1200 тамошогар.