Мусобиқаи ҷаҳонии устодони ҷудо “Guangzou Judo Masters 2018”, ки рӯзҳои 15-16-уми декабр дар шаҳри Гуанжоуи Чин доир гардид, шоми якшанбе ба поён расид. Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 14 медал (7 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ) ҷойи аввалро соҳиб шуд.
Мунтахаби Гурҷистон бо касби 5 медал (2 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ҷойи дуюм ва мунтахаби Русия бо касби 6 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ) ҷойи сеюмро ишғол карданд. Тоҷикистон ва Ирландия бо касби як ҷойи ҳафтум дар байни 53 кишвар мақоми 36-умро азони худ намуданд.
Ёдовар мешавем, Комроншоҳи Устопириён ягона варзишгаре буд, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи пурнуфузи байналмилалӣ намояндагӣ кард. Ӯ дар рақобатҳо дар вазни зери 90 килограмм, ки ҳамагӣ 17 гуштигир ширкат дошт, дар нахустин қувваозмоияш бар Александр Куколҷ аз Сербия дар муддати 3 дақиқаю 38 сония бо баҳогузории “Ippon” ғолиб омад. Вале дар чорякфинал аз Ван Т Энд Ноел (Нидерланд) шикаст хӯрд. Қувваозмоӣ 7 дақиқаю 45 сония идома кард. Гуштигири нидерандӣ бо баҳогузории “Waza-ari” пирӯз гашт.
Баъдан Комроншоҳ дар даври тасаллобахш бо Давид Кламмерт аз Ҷумҳурии Чех рақобат намуд. Дар ин қувваозмоӣ варзишгари чех дар зарфи 2 дақиқаю 28 сония бо баҳогузории “Ippon” пирӯзӣ ба даст овард. Паҳлавони маъруфи тоҷик, ки аз ҳаққи идомаи мубориза барои медали биринҷӣ маҳрум гашт, дар натиҷа ҷойи ҳафтумро соҳиб шуд.
Дар вазни зери 90 килогамм дар қувваозмоии ниҳоӣ рӯзи якшанбеи 16-уми декабр Николоз Шеразадишвили аз Испания, ки дар феҳристи ҷаҳонӣ бо 5819 имтиёз дар ҷойи аввал аст, бар Кристиан Тот аз Маҷористон ғолиб омад ва бо медали тилло сарфароз гашт. Кристиан медали нуқра гирифт.
Барои медалҳои биринҷӣ Михаил Иголникови русиягӣ бар Ван Т Энд Ноели нидерландӣ ва Ислом Бозбоеви қазоқ бар Давид Кламмерти чех пирӯзӣ ба даст оварданд.
Чунонки сомонаи расмии Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, дар мусобиқаи ҷаҳонии устодони ҷудо “Guangzou Judo Masters 2018” 230 гуштигир (116 мард ва 114 зан) аз 53 кишвари панҷ қитаъи олам ширкат доштанд. Мусобиқаи охирини мавсими имсола дар 7 вазн байни мардон ва дар 7 вазн миёни занон сурат гирифт.
Бояд тазаккур дод, ба ин мусобиқа гуштигироне, ки дар рейтинги ҷаҳонӣ дар ҷойҳои аз 1-ум то 16-ум ҷойгир буданд, роҳ дода шуданд. Чунончи, дар вазни Комроншоҳ, яъне зери 90 кило, 17 нафар аз 16 кишвар (Русия ду нафар, Испания, Гурҷистон, Маҷористон, Куба, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Озарбойҷон, Сербия, Тоҷикистон, Муғулистон, Фаронса, Қазоқистон, Олмон, Чин ва Ҷумҳурии Чех якнафарӣ) қувваозмоӣ карданд.
Варзишгарон дар ин мусобиқа соҳиби имтиёзҳои олимпӣ ва ҷоизапулӣ гардиданд. Барои медали тилло 1800 имтиёз дода шуд, ки ин нисбат ба қаҳрамонии ҷаҳон ҳамагӣ 200 имтиёз камтар аст. Варзишгарон барои медали нуқра 1260 имтиёз ва барои медали биринҷӣ 900 имтиёз гирифтанд. Маблағи умумии ҷавоизи мусобиқа 300 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медод. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 9000 доллар, барои ҷои дуюм 6000 доллар ва барои сеюм 3000 доллар тақдим гардид.
Рӯзи аввали мусобиқа - шанбеи 15-уми декабр – ғолибону ҷоизадорон дар вазнҳои 60, 66 ва 73 кг байни мардон, 48, 52, 57 ва 63 кг миёни занон муайян шуданд. Рӯзи дувуми мусобиқа - 16-уми декабр ғолибону ҷоизадорон дар вазнҳои 81, 90, 100 ва беш аз 100 кг байни мардон, 70, 78 ва беш аз 78 кг миёни занон маълум гардиданд.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи ҷаҳонии устодони ҷудо “Guangzou Judo Masters 2018”, Гуанжоуи Чин, 15-16-уми декабр:
Мардон
60 кг
1. МШВИДОБАДЗЕ Роберт (Русия)
2. ПАПИНАШВИЛИ Амиран (Гурҷистон)
3. ДАШДАВАА Амартувшин (Муғулистон)
3. СМЕТОВ Елдос (Қазоқистон)
66 кг
1. МАРУЯМА Йоширо (Ҷопон)
2. ШМИАЛОВ Баруч (Исроил)
3. ДОВДОН Алтансух (Муғулистон)
3. МАРГВЕЛАШВИЛИ Важа (Гурҷистон)
73 кг
1. ОРУҶЕВ Рустам (Озарбойҷон)
2. МАРГЕЛИДОН Артур (Канада)
3. АН Чангрим (Кореяи Ҷанубӣ)
3. ШАВДАТУЛАШВИЛИ Лаша (Гурҷистон)
81 кг
1. САСАКИ Такеши (Ҷопон)
2. ЛАППИНАГОВ Аслан (Русия)
3. АЛБАЙРАҚ Ведат (Туркия)
3. ДЕ ВИТ Франк (Нидерланд)
90 кг
1. ШЕРАЗАДАШВИЛИ Николоз (Испания)
2. ТОТ Кристиан (Маҷористон)
3. БОЗБОЕВ Ислом (Қазоқистон)
3. ИГОЛНИКОВ Михаил (Русия)
100 кг
1. ЛИПАРТЕЛИАНИ Варлам (Гурҷистон)
2. ЛХАГВАСУРЕН Отгонбааттар (Муғулистон)
3. ДАРВЕШ Рамазон (Миср)
3. ИИДА Кентаро (Ҷопон)
+100 кг
1. ТУШИШВИЛИ Гурам (Гурҷистон)
2. СИЛВА Рафаэл (Бразилия)
3. БАШАЕВ Тамерлан (Русия)
3. МОУРА Давид (Бразилия)
Занон
48 кг
1. КРАСНИКИ Дистрия (Косово)
2. КОНДО Ами (Ҷопон)
3. ДОЛГОВА Ирина (Русия)
3. СТАНГАР Маруса (Словения)
52 кг
1. ТСУНОДА Натсуми (Ҷопон)
2. БУЧАРД Амандин (Фаронса)
3. КУЗЮТИНА Наталя (Русия)
3. ВАН СНИК Шарлин (Белгия)
57 кг
1. ЙОШИДА Лукаса (Ҷопон)
2. ГҶАКОВА Нора (Косово)
3. КЛИМКАИТ Ҷессика (Канада)
3. ТАМАОКИ Момо (Ҷопон)
63 кг
1. АГБЕНЕНУ Кларисс (Фаронса)
2. НАБЕКУРА Нами (Ҷопон)
3. ТАШИРО Муки (Ҷопон)
3. ТРТЕНЯК Тина (Словения)
70 кг
1. НИИЗОЕ Саки (Ҷопон)
2. АЛВЕАР Юри (Колумбия)
3. ПОЛЛЕРЕС Мишел (Австрия)
3. ВАН ДИҶКЕ Санне (Нидерланд)
78 кг
1. УМЕКИМами (Ҷопон)
2. САТО Руика (Ҷопон)
3. ҲАМАДА Шори (Ҷопон)
3. ПУВЕЛНаталя (Британияи Кабир)
+78 кг
1. СОНЕ Акира (Ҷопон)
2. ОРТИЗ Идалис (Куба)
3. АЛТЕМАН Мария Суелен (Бразилия)
3. СЕРИК Лариса (Босния-Ҳерзеговина)
23-юми феврал. Ҷойи 5-ум дар Grand Slam дар Дюсселдорфи Олмон.
6-уми апрел. Ҷойи 1-ум дар Гран-при дар Анталияи Туркия.
29-уми август. Ҷойи 3-юм дар Бозиҳои XVIII осиёӣ дар Ҷакартаи Индонезия.
20-уми сентябр. Ҷойи 7-ум дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Бокуи Озарбойҷон.
16-уми декабр. Ҷойи 7-ум дар мусобиқаи ҷаҳонии устодон "Guangzou Judo Masters 2018" дар Гуанжоуи Чин.
Комроншоҳи Устопириён дар ҳамин ҳол дар феҳристи ҷаҳонӣ, ки дар сомонаи расмии Федаратсиони байналмилалии ҷудо (IJF) нашр шудааст, дар миёни гуштигирони вазнашон зери 90 килограмм бо 3446 имтиёз дар ҷойи 9-ум қарор дорад.