Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашф ва мусодираи беш аз се тонна оҷи фил дар Камбоҷа


Бино ба маълумоти сафорати Амрико, мақомоти Камбоҷа беш аз 3 тонна оҷи филро, ки дар як “контейнер” пинҳон карда буданд, ёфта ва мусодира намудааст. Ин “контейнер” аз Мозамбик фиристода шуда буд.

Сан Чой, мудири гумрук ва молиёти Камбоҷа, рӯзи 16-уми декабр ба хабаргузории Фаронса гуфтааст, ин оҷҳоро дар дохили “контейнер” дар миёни санги мармар пинҳон кардаанд.

Мақомоти гумруки Камбоҷа гуфтанд, беш аз ҳазор оҷи фил баъд аз иттилои сафорати Амрико кашфу мусодира шуд. Гуфта мешавад ин оҷҳо дар моши июли соли гузашта аз Мозамбик фиристода шуда буд, вале рӯзи ҷумъаи гузашта (14-уми декабр) кашф шуд.

Молики ин борҳо ҳанӯз маълум нашудааст.

Талабот барои хариди оҷи фил ё дандони фил дар Чин ва Ветнам зиёд аст.

Гузоришҳои видеоӣ

Баҳси экологӣ бо як ширкати чинӣ дар Қирғизистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:50 0:00
XS
SM
MD
LG