Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

20 миллион сомонӣ – харҷи порлумони Тоҷикистон дар соли 2019


Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон
Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон

Барои фаъолияти Маҷлиси Намояндагон – палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон – дар соли 2019 аз ҳисоби буҷети давлатӣ тақрибан 20 миллион сомонӣ, муодили беш аз ду миллион доллари амрикоӣ ҷудо шудааст.

Қонун дар ин бора охири ҳафтаи гузашта дар Маҷлиси Намояндагон қабул шуд. Дар маҷмуъ дар палатаи поёнии порлумон беш аз 270 нафар кор мекунанд, ки беш аз 160 нафари онҳо "ҳайати техникӣ ва хидматрасонӣ" будаанд.

Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода, вакили порлумон, ҳангоми муаррифии тарҳ гуфт, "маблағи умумии сметаи хароҷоти Маҷлиси Намояндагон барои соли оянда нисбат ба имсол 2 миллиону 730 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад".

Ӯ гуфт, бино ба таҳлили онҳо, маблағи ҷудошуда "барои таъмини зарурати Маҷлиси Намояндагон ва сохторҳои он" дар соли оняда кофӣ будааст. "Бовар дорем, ки Дастгоҳи Маҷлиси Намояндагон истифодаи ҳадафмандона ва самарбахши маблағҳои ҷудошударо таъмин менамояд", - изҳор дошт Холмуҳаммадзода.

Ин дар ҳолест, ки моҳи декабри имсол маоши вакилони Маҷлиси Намояндагон аз 5 ҳазор ба наздики 6 ҳазор сомонӣ (ҳудудан 650 доллар) боло бурда шуд.

Бо ин ки маоши расмии депутатҳои порлумони Тоҷикистон назар ба моҳонаи депутатҳои порлумонҳои кишварҳои дигар камтар аст, боз ҳам дар муқоиса бо маоши дигар кормандони бахши буҷетӣ хеле баландтар аст. Мизони миёнаи маош дар Тоҷикистон беш аз 1200 сомонӣ (муодили 120 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Порлумони феълӣ, ки матбуот бинобар бидуни баҳс қабул шудани қонунҳо онро гоҳе “порлумони хомӯш” ҳам ном мебарад, дар муқоиса ба ҳайатҳои қаблии порлумонӣ оромтарин ба шумор меояд.

Аммо худи вакилон мегӯянд, бо чунин нуқтаи назар розӣ нестанд. Онҳо иддао доранд, ки чанд дафъа мавзуъҳои муҳим, аз ҷумла буҳрони бонкиро ҷиддӣ бо мақомот дар миён гузошта ва вориди баҳс шудаанд.

Вакилони порлумони Тоҷикистон дар панҷ сол як бор интихоб мешаванд. Интизор меравад, интихоботи ояндаи порлумонӣ соли 2020 баргузор шавад.

Аксар курсиҳои маҷлиси кунуниро намояндагони Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ дар ихтиёр доранд.

XS
SM
MD
LG