Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумат ҷилави нархи бензин ва гази моеъро ба дасти худ мегирад


Акс аз бойгонӣ

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки аз болоравии "ногаҳонӣ ва беасос"-и нархи молу маҳсулоти муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла бензину солярка ва гази моеъ ҷилавгирӣ кунад.

Дар бозор ҳамеша ду баҳона аст. Ё нархи доллар боло рафтааст, ё арзиши сӯзишворӣ. Дар ҳарду ҳолат мардуми одӣ зиён мебинанд.

Ба ин манзур ҳукумат қарори махсусеро содир кардааст. Қарор "Нақшаи... пешгирии рискҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ" унвон дошта ва аз тарафи президент Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расидааст. Нусхаи қарор рӯзи 16-уми декабр дастраси Радиои Озодӣ шуд.

Қарори ҳукумати Тоҷикистон, ки барномаи қаблии зиддибуҳрониро иваз мекунад, аз 24 банд иборат аст. Яке аз бандҳои барнома идораҳои блоки иқтисодии Тоҷикистонро муваззаф мекунад, то нагузоранд, ки нархи маводи муҳими итимоӣ, аз ҷумла бензину солярка ва гази моеъ якбора баланд шавад.

Имсол ҳадди ақал се дафъа нархи гази моеъ ва пас аз он бензин дар Тоҷикистон гарон шуд. Моҳи июн нархи як литр гази моеъ дар Тоҷкистон якбора то 40 дар сад гарон шуд, ки норозигии ронандагон, хусусан ронандагони нақлиёти ҷамъиятиро ба бор овард.

Дар ду ҳафтаи моҳи июн қимати як литр гази моеъ аз 3 сомониву 40 дирам то ба 4 сомониву 70 дирам ва дар баъзе минтақаҳо то 5 сомонӣ дакка хӯрд. Он замон бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ сабаби болоравии нархро дар зери инҳисор ё монополияи чанд ширкат қарор гирифтани бозори маводи сӯхти Тоҷикистон донистанд.

Аммо пас аз як ҳафта "Фароз", яке аз таъминкунандагони аслии гази моеъ, гуфт, болоравии нарх бинобар камбуди газ ва қатъи содироти он аз корхонаи "Актобумунайгаз"-и Қазоқистон сурат гирифт. Баъди чанд моҳи шурӯи интиқоли гази моеъ аз ширкати қазоқистонӣ ба Тоҷикистон ҳам нархи газ дигар арзон нашуд. Ҳоло як литр гази моеъ беш аз чаҳор сомонӣ қимат дорад.

Қарори охири ҳукумати Тоҷикистон масъулияти нигоҳ доштани нархи сӯзишвориро бештар бар дӯши Вазорати энержӣ ва захираҳои об ва Хадамоти зиддинҳисорӣ гузоштааст.

Давлати Тоҷикистон гоҳо ҳангоми якбора боло рафтани нархи бензин бо истифода аз захираҳои Оҷонсии захираҳои давлатӣ ба бозор мудохилаи молӣ мекунад ва бензинро бо нархи нисбатан арзон ба фурӯш мебарорад. Аммо дар мавриди гази моеъ зоҳиран идораҳои давлат дасткӯтоҳанд.

Дар Тоҷикистон аксар нақлиёти хурду бузург дар баробари бензин аз гази моеъ истифода мебаранд. Ба хусус, нақлиёти мусофиркашонӣ ва борбар. Ба ҳамин далел, болоравии гази моеъ ба қимати ҳама маҳсулоти бозор низ таъсир мегузорад. Муҳаммадшариф, як сокини шаҳри Душанбе, рӯзи 16-уми декабр гуфт, ҳамагӣ пас аз чанд рӯз болоравии нархи бензину гази моеъ арзиши ҳамаи маҳсулот, ба хусус маводи зарурӣ барои рӯзгор боло меравад.

"Дар бозор ҳамеша ду баҳона аст. Ё нархи доллар боло рафтааст, ё арзиши сӯзишворӣ. Дар ҳарду ҳолат мардуми одӣ зиён мебинанд. Агар ҳукумат тавонад, ки ҷилави болоравии нархи бензину гази моеъро бигирад, пас, зӯраш ба танзими нархи бозор ҳам мерасад", - афзуд ӯ.

Дар Тоҷикистон ширкатҳои аслии воридкунандаи маводи сӯхт аз Қазоқистону Русия ба кишвар "Газпромнефт Тоҷикистон" ва "Фароз" номбар мешаванд. Ин ширкатҳо ҳиссаи аслии бозори маводи сӯхт, гази моеъ ва бензинро дар даст доранд.

Ширкатҳои хурди дигар ва нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишворӣ маҳсулотро аз ин ширкатҳо харидорӣ мекунанд. Ва табиист, ки дар ҳоли ҳозир сухани ниҳоиро дар муқаррар кардани нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ду ширкати аслӣ мегӯянд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG