Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон талбандагӣ дар ҷойҳои ҷамъиятиро ҷурм эътироф кард


Марди талбандае дар кӯчаи Тошканд. 4 август, соли 2018
Марди талбандае дар кӯчаи Тошканд. 4 август, соли 2018

Сенати Узбекистон бо тасвиб тарҳи як қонун талбандагиро дар маконҳои ҷамъиятӣ ҷурм эътироф кард.

Палатаи болоии порлумони Узбекистон - Маҷлиси Олӣ рӯзи 13 декабр ба қонуни зидди талбандагӣ, ки президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев моҳи сентябр пешниҳод карда буд, райъ дод.

Ҷаримаи талбандагӣ аз 25 то 75 доллар муаян шудааст. Онҳое, ки дафъаи аввал ҷиноят содир кардаанд, вале наметавонанд маблағи ҷаримаро супоранд, дар ростои 15 рӯзи зиндон қарор мегиранд.

Қонуни ҷиноӣ барои такрори талбандагӣ 240 соат меҳнати ҷамъиятӣ ё ду сол корҳои ислоҳӣ ва ё як соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Қонун ҳамчунин гурӯҳҳои ҷиноиро, ки шабакаи талбандагӣ таъсис медиҳанд ва пирону кӯдаконро ба гадоӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷалб мекунанд, ба 360 соат корҳои маҷбурӣ ё аз 2 то се соли зиндон маҳкум мекунад.

Тибқи қонун онҳое дар Узбекистон талбанда эътироф мешаванд, ки "пайваста дар маконҳои ҷамъиятӣ, пул, ғизо ё маводи маводи арзишманд мепурсанд".

Созмони The Borgen Project, мақараш дар ИМА мегӯяд, ки аз 31 миллион сокини Узбекистон наздик ба чаҳор миллион дар зери хати фақр зиндагӣ мекунад.

Биноба маълумоти Вазорати дохилии Узбекистон соли 2018 беш аз 5 ҳазор нафар дар Тошканд ҳамчун гадо сабт шуда, ба марказҳои эҳё интиқол ёфтанд.

XS
SM
MD
LG