Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашеннко иддаои "Русия Белорусияро мехуронад"-ро "ҳарза" номид


Александр Лукашенко
Александр Лукашенко

Президенти Белорусия Александр Лукашенко гуфтугӯҳоеро, ки гӯё Русия Белорусияро мехуронад, "ҳарза" номид. Баъзеҳо ҳатто ҳисоб карданд, ки аз замони истиқлолият барои "хуронидан"-и Белорусия 100 миллирд доллар харҷ шудааст,- гуфт Лукашенко дар мулоқот бо намояндагони матбуоти Русия. Агар ин гап рост мебуд, Белорусҳо аз чунин миқдори бузурги арзи хориҷӣ, ки гӯё кишвари бародар фиристодааст бояд гулӯгир мешуданд, -афзӯд президент.

Алекасанд Лукашеко гуфт, Русия ба Белорусия пул қарз медиҳад, аммо фоизи ин қарзҳо болотар аз онест, ки Сандуқи байналмилалии пул пешниҳод мекунад.

Раҳбари Белорусия гуфт, Минск аз Маскав барои харидории газ нархи паст талаб намекунад, балки мехоҳад, шароити баробар барои ниҳодҳои тиҷоратии кишвари шарик риоя шавад.

Ҳафтаи гузашта Лукашенко дар ҷаласаи Шӯрои созмони АврОсиё дар заминаи нархи газ барои Белорусия бо президенти Русия вориди баҳс шуд. Ба гуфтаи ӯ, нархи газ барои корбарони белорусӣ $130 барои ҳазор метри мукааб аст, дар ҳоле, ки дар вилояти ҳамсояи Смоленск ҳамин миқдор газ $70 нарх дорад.

Дар ҷавоб Путин гуфт, ки агар Русия газро ба Белорусия бо нахи бозор мефурӯхт қиматаш $200 барои ҳазор метри мукааб мешуд. Путин ба Лукашенко пешниҳод кард, ки ин масъаларо дар паси дарҳои баста баррасӣ кунанд. Баъдтар Лукашенко гуфт, ки барои ба роҳ мондани ин баҳс бо "шеваи нохуб" аз Путин узр хост.

XS
SM
MD
LG