Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумруки фурудгоҳи Тошканд маҳри зани намангониро мусодира кард


Сокини 26-солаи вилояти Намангони Узбекистон Ю. Д., ки тобистони имсол бо як марди турк издивоҷ карда буд, мегӯяд, маъмурони гумруки фурудгоҳи Тошканд ҷавоҳиротеро мусодира карданд, ки шавҳараш ба ӯ ҳамчун маҳр туҳфа карда буд.

Ба гуфтаи ин зан, кормандони гумрук бар ивази баргардонидани ҷавоҳироти мусодирашуда $400 доллар пора талаб карданд.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ахиран додгоҳи шаҳри Тошканд низ мусодираи ҷавоҳиротро қонунӣ номид ва ин занро ба пардохти 368 ҳазор сӯм (ҳудуди 45 доллар) ҷарима вазифадор кард.

Маъмурони гумруки фурудгоҳи Тошканд ҷавоҳироти занро субҳи 8 сентябри соли равон, ҳангоми бозгашти ӯ аз Истамбул мусодира карданд.

"Дар фурудгоҳи Тошканд касеро надидам, ки эъломия пур кунад. Бинобар ин, ба ёди ман ҳам наомад, ки эъломияро пур кунам. Маро кормандони гумрук боздошта, гуфтанд, ки ҷавоҳироти худро ғайриқонунӣ мегузаронам. Чанд соат маро нигоҳ доштанд. Бо худ дар ҳаҷми 117 грамм ҷавоҳирот доштам, 57 грамми онҳоро гирифтанду боқиро баргардонданд", - афзуд ӯ.

Дар Кумитаи гумруки Узбекистон гуфтанд, ки бар пояи қонун, ҳар шаҳрванд ҳақ дорад, бе пардохти боҷи гумрукӣ на беш аз 65 грамм ҷавоҳирот ба кишвар ворид кунад. Барои аз 65 грамм бештар ворид кардан, бояд эъломия пур ва боҷи гумрукӣ пардохт кард.

Гузоришҳои видеоӣ

Дар шаш моҳ 10 ҳазор тоҷик шаҳрванди Русия шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:23 0:00
XS
SM
MD
LG