Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии дигарбораи қатли Моҳира Ятимова дар додгоҳ


Моҳира Ятимова ва Бобоҷон Ширинзода.
Моҳира Ятимова ва Бобоҷон Ширинзода.

Баҳси қатли Моҳира Ятимова аз тарафи шавҳари пешинаш ба Додгоҳи олии Тоҷикистон кашонда шуд. Наздикони Бобоҷон Ширинзода -- шавҳари пешини Моҳира Ятимова мехоҳанд, ки ҳукми додгоҳ нисбат ба ӯ кам карда шавад.

Бобоҷон Ширинзода, котиби пешини Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон ва писари генерал Раҷабалӣ Ширинов, бо ҷурми қатли ҳамсари собиқаш Моҳира Ятимова рӯзи 1-уми ноябр аз сӯи Додгоҳи шаҳри Душанбе 18 сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Вале волидони Моҳира Ятимова шикоят бурда ва гуфтаанд, ки намехоҳанд ҳукми додгоҳ бозбинӣ шавад ва муҳлати он кам карда шавад. Ҳоло ҷонибҳо мунтазири баррасии аризаҳои худ аз ҷониби Додгоҳи олӣ ҳастанд. Додгоҳи шаҳри Душанбе қаблан гуфта буд, ки Бобоҷон Ширинзода давраи адои ҷазоро дар зиндони низомаш сангин паси сар хоҳад кард.

Як манбаъ аз Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 14-уми декабр гуфт, ки воқеан аризаи шикоятии наздикони Бобоҷон Ширинзодаро мавриди баррасӣ қарор додаанд ва коллегияи додгоҳ оид ба парвандаҳои ҷиноятии аризаҳоро таҳқиқ дорад. Ин манбаъ афзуд, аризаи шикоятӣ аз номи вакили мудофеи Бобоҷон Ширинзода пешниҳод шуда ва маҳкумшуда зери он имзо гузоштааст.

Ваҷҳҳое, ки дар ин ариза оварда шудааст, ба бегуноҳии Бобоҷон Ширинзода исрор меварзад ва бинобар ҳамин аз додгоҳ хоста шудааст, ки ҳукми ӯ кам карда шавад. Ҳамин манбаъ мегӯяд, ки аз ҷониби волидони Моҳира аризаи норозигӣ дар нисбати муроҷиати наздикони Бобоҷон ба додгоҳ расидааст.

Волидони Моҳира Ятимова, аз ҷумла падари ӯ тасдиқ намуд, ки бар зидди аризаи шикоятии волидони Бобоҷон ба Додгоҳи олӣ шикоят бурдааст. Аҳлиддин Ятимов, падари Моҳира мегӯяд, рӯзи 7-уми декабр аризаи худро пешниҳод кардааст. "Ман намефаҳмам вай дар пеши чашми волидонаш духтари маро бо зарби корд ба қатл расонидааст, вале додгоҳи шаҳрӣ баъди муҳокимаҳои зиёд ӯро ҷазои сазовор дод. Боз чаро мӯҳлати ҷазо дигар карда шавад? Ман норозӣ ҳастам. Вай бояд давраи ҷазои худро гузаронад",-афзуд Аҳлиддин Ятимов.

Аммо наздикони Бобоҷон Ширинзода ҳозир нашуданд дар мавриди ин қазия сӯҳбат кунанад ва гуфтанд, ки мунтазири натиҷаи баррасии аризаи шикоятӣ ҳастанд. Аммо қаблан Меҳрӣ Ширинова, хоҳари Бобоҷон Ширинзода, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва барои бозбинии он талош хоҳанд кард.

Вай дар сӯҳбати ҳузурӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, "Бобоҷон ҳамсарашро барқасдона накуштааст. Моҳира ба пойи худаш ба манзили мо омад. Агар Бобоҷон қасди куштори ӯро медошт, на дар манзили зист, балки дар ҳар гӯшаи шаҳр метавонист ин корро кунад. Мо ба ин ҳукм розӣ нестем".

Куштори Моҳира Ятимова бегоҳи 6-уми июни имсол дар хонаи Бобоҷон Ширинзода рух додааст. Тафтишот бо такя ба навори дурбинҳои назоратӣ гуфта буд, ки Бобоҷон Ширинзода ҳамсари пешинаашро бо 13 зарби корд дар пеши чашми ду кӯдаки ноболиғ куштааст.

Моҳира Ятимова ва Бобоҷон Ширинзода дар донишгоҳ ҳамсабақ буданд ва баъди хатми он дар соли 2007 издивоҷ карданд. Вале волидони духтар мегӯянд, ки зиндагиашон аз аввал хуб набуд. Моҳира Ятимова соли 2016 аз Бобоҷон Ширинзода ҷудо шудааст ва бар асоси қарори додгоҳ бояд се фарзанди ӯ дар хонаи модар зиндагӣ мекарданд.

XS
SM
MD
LG