Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Time”: Соли 2018 журналистон "Чеҳраи сол" эълон шуданд


Маҷаллаи бонуфузи “Time” гурӯҳи журналистонро барандаи имсолаи унвони “Чеҳраи сол” номид. Исми журналистони барандаро маҷаллаи амрикоӣ бо як вожаи умумии “Guardians” ё “Ҳомиён” ёд кардааст. Журналистони барандаи ин унвон барои ҷасорати касбӣ ба ин ҷоиза мушарраф шуданд. Дар миёни барандаҳо журналисти саудии кушташуда Ҷамол Хошуқчӣ, хабарнигорони дар Мянмар ҳабсшудаи оҷонсии Reuters, нашрияи мавриди ҳамла қароргирифтаи The Сapital Gazette, журналисти филиппинии боздоштшуда Мария Ресса, муовини сардабири радиои “Эхо Москвы” Татяна Фелгенгауэр ва дигарҳо мебошанд.

Муаллифони ҷоиза мегӯянд, ки куштори журналист Хошуқчӣ «табиати воқеии» валиаҳди Саудӣ Муҳаммад ибн Салмонро ба намоиш гузошт. Нашрияи The Сapital Gazette дар як ҳамлаи мусаллаҳонаи тобистони имсол панҷ журналисташро аз даст дод, журналистони Reuters барои фош кардани таъқибу кушторҳои мусалмонони Роҳинҷа дар Мянмар ҳукми зиндон гирифтанд. Татяна Фелгенгауэр баъди он дар сари мизи кории худ мавриди ҳамла қарор гирифт, ки телевизиони давлатӣ “Эхо Москвы”-ро дар он муттаҳам кард, ки барои Амрико кор мекунад.

“Time” бо такя ба Кумитаи ҳимояти журналистон мегӯяд, соли 2018 дар саросари ҷаҳон 262 журналист мавриди ҳамла қарор гирифт ва ин ҳамлаву таъқибҳо ва кушторҳо ба фаъолияти касбии онҳо рабт мегирад.

XS
SM
MD
LG