Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бибӣ барои қатли наберааш 18 сол зиндонӣ шуд


Додгоҳи вилояти Хатлон Ҳоҷарой Ашӯрова, сокини 58-солаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро бо ҷурми қатли набераи хурдсолаш 18 сол аз озодӣ маҳрум кард. Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи вилояти Хатлон, рӯзи 11-уми декабр дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, Ашӯрова муҳлати ҷазоро дар зиндони низомаш сангин паси сар хоҳад кард.

Тафтишот гуфта буд, пиразан кӯдакро ба канале, ки аз он ҷо об мегузашт, бурда ва дар зери лой гӯрондааст. Ҷасади кӯдак рӯзи 18-уми сентябр дар ҳолати порашуда ошкор шуд.

Додситонӣ 20 сол талаб кард

"Вай дар ҷараёни мурофиа ба гуноҳи худ пурра иқрор намуд ва додгоҳ ҳукми одилона содир кард", - афзуд Рустам Мирзозода. Қаблан намояндаи додситонӣ барои Ҳоҷарой Ашӯрова 20 соли маҳрумият аз озодиро талаб карда буд.

Гулмурод Хоҷаев – писари Хоҷарой Ашӯрова рӯзи сешанбе тасдиқ кард, ки ҳукми модараш содир шудааст. Аммо аз ҳама гуна шарҳу тавзеҳ дар ин бора худдорӣ кард.

Куштори Беҳрӯзҷони сесола 12-уми сентябри имсол рух дода, ҷасадашро баъди шаш рӯзи он пайдо карданд. Ҳоҷарой Ашӯрова, модарбузурги Беҳрӯзҷон, ба муфаттишон гуфтааст, ки аз ҷанҷолу нофармонии келини хонавода (духтари хоҳараш, ҷиян) ба дод омада буд ва мехост, аз ин тариқ интиқом бигирад.

Арӯс хушдоманашро бахшид, аммо додгоҳ - не

Куштори набера аз тарафи бибиаш дар ҷамоати “Ифтихор”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон сару садои зиёдеро ба бор овард. Тафтишот гуфта буд, пиразан кӯдакро ба канале, ки аз он ҷо об мегузашт, бурда ва дар зери лой гӯрондааст. Ҷасади кӯдак рӯзи 18-уми сентябр дар ҳолати порашуда ошкор шуд.

Беҳрӯзҷон
Беҳрӯзҷон

Гулсанам Боймуродова, модари Беҳрӯзҷон, рӯзи 4-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, гуноҳи хушдоманашро, ки ягона фарзанди ӯро куштааст, бахшид, вале дигар наметавонад дар хонаи онҳо зиндагӣ кунад. Боймуродова ҳоло ба манзили падараш дар ҷамоати Обшорони ноҳияи Ёвон кӯчидааст. ​

Ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи он ки то куҷо ҷангу ҷанҷол дар хона сабаби ин фоҷиа шудааст, Гулсанам Боймуродова гуфт: “Дар кадом хона мушкил нест? Дар ҳама хона ҷангу ҷанҷол мешавад, аммо кор то ба ин ҷо намерасад”.

Даъвои келину хушдоманҳо

Баҳси келину хушдоманҳо, ки бо куштор меанҷомад, дар вилояти Хатлон дар гузашта ҳам ҷой доштааст. Ҳодисае, ки тобистони соли 2015 дар ноҳияи Қубодиён рух дод, ҳанӯз ҳам бисёриҳоро дар ҳайрат мегузорад.

Дар он ҳодиса ду келини як хонадон ба эроду таънаҳои хушдоман тоб наоварда, ӯро куштаву оташ задаанд ва ба дарё партофтаанд. Ҳарду келин баъди ним сол дар содир кардани ин куштор иқрор шуда, бо ҳукми додгоҳ ба мӯҳлати тӯлонии зиндон равона шуданд.

Шарҳҳоро бинед (6)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG