Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Муҳоҷирон пули “патент”-ро то соли нав пардохт кунанд"


Мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар остонаи идҳои солинавӣ аз шаҳрвандони кишвар дар Русия даъват кардаанд, ки санадҳои худро сари вақт санҷида, аз ҷумла, ҳаққи патенти корро сари вақт пардохт намоянд. Дар Русия ҷашни соли нав расман то 9-уми январ идома хоҳад кард.

Гаронтарин нархи патент дар Русия дар Ҷумҳурии Ёқутистон - Саха буда, ҳаққи якмоҳаи он аз соли нав 9330 рублро ташкил хоҳад дод

Муҳлат: То 28-уми декабр

Иброҳим Аҳмадӣ, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, он шаҳрвандоне, ки мӯҳлати амали патенти онҳо ба рӯзҳои охири декабр ё даҳ рӯзи аввали моҳи январ мерасад, бояд пеш аз мӯҳлат ин ҳақро пардохт кунанд.

Аҳмадӣ рӯзи 10-уми декабр дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ гуфт, “азбаски дар пеш ҷашни Соли нав аст, ба шаҳрвандони Тоҷикистон машварат мешавад, ки то 28-уми декабр ҳаққи моҳонаи патенти худро пардохт кунанд ва дар ҳолати ногувор намонанд.” Чунин машваратро маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратии Сахарово дар Маскав ҳам ба коргарони хориҷӣ тавсия додааст.

Иброҳим Аҳмадӣ
Иброҳим Аҳмадӣ

Ӯ гуфт, “вақти тафтиши полис гоҳо нофаҳмӣ рух медиҳад. Пули андози патент агар пешпардохт шавад, хуб аст, вале агар аз мӯҳлати талабшуда гузашт, шахсро ҷарима мекунанд. Бо сабаби ин ки рӯзҳои ид тӯлонӣ аст, яъне аз 29-уми декабри соли 2018 то 9-уми январи соли 2019, эҳтимоли дуруст кор накардани системаи интиқоли пул вуҷуд дорад. Бинобар ин, онҳое, ки бояд маблағи андози худро дар ин муддат бояд супоранд, метавонанд ҳаққи худро то рӯзи 28-уми декабр пардохт кунанд”.

Нархи “патент” ҳам гарон шуд

Ин огаҳӣ дар ҳолест, ки мақомоти бархе манотиқи Русия аз соли нав арзиши моҳонаи патентро боло мебаранд. Арзиши моҳонаи ин санад дар шаҳри Маскав 5000 рубл (бар ивази 4500 рубли ҳозира) мешавад. Иттилоъ дар бораи тағйири арзиши патент дар манотиқи дигари Русия феълан дастрас нест. Вале бино ба иттилои расмӣ гаронтарин нархи патент дар Русия дар Ҷумҳурии Ёқутистон - Саха буда, ҳаққи якмоҳаи он аз соли нав 9330 рублро ташкил хоҳад дод. Дар вилояти Твер ҳоло арзиши патент 6 ҳазор рубл буда, интизор меравад, ки гаронтар мешавад.

Иброҳим Аҳмадӣ машварат дод, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар маҳалли зисту кори худ дар Русия барои дарёфти хабари охирин бояд ба сохторҳои марбутаи муҳоҷират муроҷиат кунанд, то ки бехабар намонанд. “Чунин маълумот дар вебсайти ҳар хадамот ҳам нашр мешавад. Бояд пайгирӣ кунанд”, - гуфт ӯ.

Тағийроти дигар

Намояндаи Вазорати меҳнат ва муҳоҷират ёдовар шуд, ки соли 2018 як тағйироти дигар дар муқаррароти будубоши муҳоҷирон ворид шуд, ки ҳанӯз ҳам шояд на ҳама дар бораи он хабар доранд. Ин тағйирот марбут ба қайди зист дар хоки Русия аст. Ӯ гуфт, бар асоси тағйироти нав муҳоҷирон бояд дар ҳамон ҷое зиндагӣ кунанд, ки расман сабти ном шудаанд.

“Дар сурати нақзи ин муқаррарот муҳоҷирон ҷарима мешаванд. Ва бар асоси ин ҳолат дар бархе манотиқи калонтарини Русия, мисли шаҳру вилояти Маскав ва шаҳри Санкт-Петербургу вилояти Ленинград метавонанд муҳоҷирро барои вуруд ба Русия иҷоза надиҳанд”, - афзуд ӯ.

Маскав аз ҳисоби муҳоҷирон фоида мебинад, муҳоҷирон - зарар

Русия соли 2015 муқаррароти доштани ҳатмии патенти корро ҷорӣ ва ҳар минтақаи федеролӣ арзиши худро дар ин замина таъйин кард. Cергей Собянин, мири шаҳри Маскав моҳи октябр боифтихор эълон кард, ки даромади пойтахти Русия аз ҳисоби пардохтҳои муҳоҷирони корӣ афзуда, қарор аст ба 16 миллиард рубл (беш аз 250 миллион доллар) баробар шавад.

Бархе муҳоҷирони собиқадори тоҷик мегӯянд, бозори кори пойтахти Русия нисбат ба нуқоти дигари ин кишвар беҳтар аст ва пардохти моҳонаи ин патент шояд чандон гарон набошад. Мушкили бештарро онҳое эҳсос мекунанд, ки дар манотиқи дурдаст ва начандон пешрафтаи иқтисодиву саноатии Русия кору зиндагӣ мекунанд.

Бино ба иттилои расмӣ то як ва бар асоси манобеи ғайрирасмӣ беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои кору зиндагӣ дар Русия қарор доранд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG