Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти гуруҳе аз мухолифони тоҷик дар Берлин


Гуруҳе аз мухолифони тоҷик субҳи 10-уми декабр, дар рӯзи таҷлил аз 70-солагии эъломияи ҳуқуқи башар, бо талаби озодии зиндониҳои сиёсӣ ва хатми шиканҷаи маҳбусон дар муқобили сафорати Тоҷикистон дар Берлин гирди ҳам омаданд. Дар миёни эътирозгарон аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ҳам мебошанд. Ширкатдорони ин гирдиҳамоӣ - аъзои ҲНИТ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ин гирдиҳамоӣ даҳҳо узви ин созмон иштирок мекунанд. Онҳо дар даст шиору овезаҳо бо симои аъзои зиндонишудаи ин ҳизб дар кӯчаи муқобили сафорати Тоҷикистон дар Берлин истодаанд. Дар наворҳои видеоӣ дида мешавад, ки роҳи мошингузари назди сафорати Тоҷикистон бо сабаби анҷоми корҳои сохтмонӣ баста шудааст.

Ин гуруҳ талаб дорад, ки дархости Кумитаи ҳуқуқи башари СММ, муассиси ҳизби “Тоҷикистони нав” Зайд Саидов, муовини раҳбари ҲНИТ Муҳаммадалӣ Ҳаит ва вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёровро ба иҷро гузошта, ин се зиндонии сиёсиро фавран озод кунанд. Дар изҳороти ин гуруҳ ҳамчунин озодии ҳамаи зиндониҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон талаб шуда, феҳристи кушташудаҳои ошӯби моҳи гузашта дар зиндони Хуҷанд эълон шавад.

Гузоришҳои видеоӣ

Беҳрӯзҷон куҷо шуд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:24 0:00
XS
SM
MD
LG