Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон 20 ҳазор нафарро аз "рӯйхати сиёҳ" хориҷ кард


Президенти узбекистон Шавкат Мирзиёев номи беш аз 20 ҳазор шаҳрванди кишварашро аз рӯйхати гумонбарони тундгароии динӣ ё худ "рӯйхати сиёҳ" хориҷ карда.

Мирзиёев рӯзи 8 декабр дар чорабинии бахшида ба 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Узбекистон дар Тошканд гуфт, дар кишвар Комиссияи ҷумҳуриявии байниидоравӣ таъсис ёфта, муроҷиати шаҳрвандонеро баррасӣ хоҳад кард, ки саҳван ё нохудогоҳ ба гуруҳҳои тундрав пайвастаанд.

Ёдрас мешавем, президенти Узбекистон 19 сентябр фармони "Такмили тартиби аз ҷавобгарӣ озод кардани шаҳрвандонеро" имзо карда буд, ки "аз роҳи фиреб ё иштибоҳӣ ба сафи созмону гуруҳҳои тундрав ва террористӣ пайвастаанд".

Аз 1 ноябри соли 2018 дар асоси хулосаи комиссия ҷумҳуриявии байниидоравӣ, шаҳрвандони Узбекистон, ки саҳван ба гуруҳҳои даҳшатафкан пайвастаанд, аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод хоҳанд шуд. Дар сурати хулосаи манфии комиссия, парванда тибқи қонунҳои амалкунанда баррасӣ мешавад.

Иҷрои қарор, ки комисия дар доираи салоҳиятҳои худ қабул мекунад, барои тамоми ниҳодҳои давлатии Узбекистон ҳатмӣ хоҳад буд.

Ёдрас мешавем, соли гузашта беш аз 18 ҳазор шаҳрванди Узбекистон аз рӯйхати маъруф ба аъзои равияҳои тундгарои динӣ бароварда шуданд.

XS
SM
MD
LG