Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири хориҷии Фаронса аз Трамп хост, ки дар умури дохилии ин кишвар дахолат накунад


Дар пайи изҳори назари Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар бораи эътирозҳои ахири Порис, вазири умури хориҷии Фаронса аз Доналд Трамп хост, ки дар умури дохилии ин кишвар дахолат накунад.

Жан-Ив Ле Дриан, вазири умури хориҷии Фаронса рӯзи якшанбеи 9-уми декабр гуфт, "мо ба сиёсати дохилии Амрико коре надорем ва аз шумо ҳам мехоҳем, ки ба сиёсати дохилии мо коре надошта бошед". Оқои Жан-Ив Ле Дриан дар мусоҳибае бо шабакаи телевизионии LCI гуфт, "аз тарафи худам ва аз тарафи раиси ҷумҳури Фаронса ба Доналд Трамп мегӯям, "мардуми моро ба ҳоли худ бигузоред."

Равобити Доналд Трамп ва Эммануэл Макрон бо инки, дар оғоз гарм ва самимӣ буд, аммо дар моҳҳои ахир ба сардӣ гароидааст.

Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи шанбе дар паёми твиттерӣ бо ишора ба эътирозҳои ахир дар Фаронcа бори дигар аз тавофуқномаи иқлимии Порис интиқод карда буд. Вай бо ишора ба инки, ки рӯзу шаби "ғамангезе" барои Порис будааст, пешниҳод кард, ки "тавофуқномаи хандаовар ва пурмасрафи Порис" бекор ва пули он ба мардум бозгардонида шавад.

Эътирозҳо дар Порис ва шаҳрҳои дигари Фаронса рӯзи шанбе ҳам идома ёфт ва пулис барои пароканда кардани эътирозгарон аз мошинҳои обпош ва гази ашковар истифода кард. Дар ҷараёни эътирозҳои рӯзи шанбе ҳудуди 1700 нафар боздошт шуданд, ки ба гуфтаи вазири умури дохилии Фаронса, беш аз 1200 нафари онҳо ба боздоштгоҳ мунтақил шуданд. Шумораи маҷрӯҳон низ ба беш аз яксаду панҷоҳ тан расидааст.

Доналд Трамп ва Эммануэл Макрон, руасои ҷумҳури Амрико ва Фаронса.
Доналд Трамп ва Эммануэл Макрон, руасои ҷумҳури Амрико ва Фаронса.

Доналд Трамп рӯзи шанбе бо интиқод аз Паймони иқлимии Порис навишта буд, "мардум намехоҳанд ин ҳама пул бидиҳанд, ки аксари он ба кишварҳои ҷаҳони савум дода шавад, то муҳити зист шояд ҳифз шавад".

Раиси ҷумҳури Амрико ҳамчунин дар "Твиттер"-и худ навишта буд, ки мардум дар Фаронса шиор медиҳанд, "мо Трампро мехоҳем". Ба навиштаи "Франс-пресс", яке аз паёмҳои твиттерие, ки оқои Трамп ҳафтаи гузашта бознашр карда буд, ҷузъе аз чанд "хабари ҷаълӣ" буд, ки иддао мекард мӯътаризони фаронсавӣ шиорҳое дар ҳимоят аз Доналд Трамп додаанд.

Ба навиштаи хабаргузории "Франс-пресс", навори видеоие, низ дар "Твиттер" мунташир шуд, ки ин шиор дар он низ сар дода шуда буд. Ин манбаъ мегӯяд, аммо ин видео дар воқеъ марбут ба тазоҳуроти авоили апрели имсоли ростгароён дар Лондон аст. Дар Фаронса нооромиҳо бинобар боло рафтани қимати маводи сӯхт сар зад, ки Доналд Трамп онро бинобар тавофуқномаи иқлимии Порис донистааст.

Вокунишҳо ба суханони Трамп

Паёмҳои твиттерии Доналд Трамп бо вокунишҳои шуморе аз чеҳраҳои сиёсии Фаронса рӯбарӯ шудааст. Шуморе аз вакилони ҳизби ҳокими Фаронса ин суханони раиси ҷумҳури Амрикоро маҳкум кардаанд.

Паймони Порис, ки се сол пеш аз сӯи 195 кишвар имзо шуд, хостори коҳиши газҳои гулхонаӣ ва мубориза бо тағйироти иқлимӣ аст. Доналд Трамп бо эъломи ин, ки ин паймон ба иқтисоди Амрико латма мезанад, хуруҷи расмии Амрико аз онро эълон карда буд.

Равобити Доналд Трамп ва Эммануэл Макрон бо инки, дар оғоз гарм ва самимӣ буд, аммо дар моҳҳои ахир ба сардӣ гароидааст. Хабаргузории "Франс-пресс" масоиле монанди Паймони Порис, мавзеъгирӣ дар бораи созиши ҳастаӣ бо Эрон ва "Артиши Аврупо"-ро аз сабабҳои асосии ин ихтилофот медонад.

XS
SM
MD
LG