Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амири Қатар даъвати шоҳи Саудиро напазируфтааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Раҳбарони чанд кишвари арабӣ ва аз шарикони аслии Амрико дар шаҳри Риёз пойтахти Арабистони Саудӣ ҷамъ омадаанд ва ҳамкориҳояшонро баррасӣ мекунанд.

Дар нишасти сарони кишварҳои Шӯрои Ҳамкориҳои Халиҷ, раҳбарони Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Баҳрай Кувайт ва Уммон ҳузур доранд. Узви дигари шӯро Қатар фақат вазирашро ба нишаст фиристодааст, зеро робитаҳояш бо дигар узви шӯро бад шудааст.

Хабаргузории “Анадолу“- и Туркия аз қавли мақомоти Қатар навиштааст, ки Амир Тамим ал-Танӣ дар нишаст ҳузур нахоҳад дошт, вале сабаби нарафтанашро нагуфтаанд. Ҳарчанд ӯро Шоҳи Саудӣ Салмон расман ба нишаст даъват кардааст.

Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Баҳрайн ва Миср, моҳи июни соли 2017 Қатарро ба ҳимоят аз терроризм муттаҳам карданд ва равобити дипломатӣ бо ин кишварро қатъ карданд. Қатар ин иддаоро беасос номидааст.

XS
SM
MD
LG