Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваннеса аз Мексика зебосанами ҷаҳон эълон шуд


Зебосанами мексикоӣ Ванесса Понс де Леон дар озмуни ҷаҳонии Маликаи хубон дар соли 2018 мақоми аввалро соҳиб шуд ва тоҷи зебоиро ба сар гузошт.

Озмуни 68-уми Маликаи хубон имсол дар ҷазираи Ҳайнани Чин баргузор шуд. Ваннеса Понс де Леон 26 сол дорад. Мария Василевич, донишҷӯ аз Белорус дар байни зеботарин панҷгона қарор гирифт.

Дар ин панҷгона зеборӯён аз Ямайка, Тайланд ва Уганда ҳам шомил шуданд. Ба гуфтаи баргузоркунандагонаш ин озмунро 1 миллиард нафар дар саросари ҷаҳон тамошо кардаанд.

XS
SM
MD
LG