Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Арманистон интихоботи порлумонӣ идома дорад


Раъйдиҳӣ дар Арманистон

Дар Арманистон 9- уми декабр интихоботи порлумонӣ сурат мегирад ва 9 баъд аз онки тазоҳуроти азими мардумӣ сабаби тағйири осоиштаи ҳукумат шуд.

Бино ба назарсанҷиҳо, дар интихобот эътилофи аҳзоби ба раҳбарии Никол Пашиниён, нахуствазири муваққат пешсаф аст. Дар 9 моҳи пеш маҳз зери раҳбарии ӯ тазоҳургарон ба хиёбонҳо баромаданд ва Серж Саркиссиён, раиси ҷумҳурро маҷбур карданд, ки аз мақомаш биравад.

Худи Пашиниён дар ниҳоят нахуствазир интихоб шуд, вале Ҳизби Ҷумҳурихоҳи ҳоким ҳамчунон дар порлумон соҳиби аксарияти курсиҳо монд. Ӯ моҳи октябр аз мақомаш истеъфо дод, то ки интихоботи зудраси порлумонӣ баргузор шавад. То замони интихоби нахуствазири нав, ӯ ҳамчунон салоҳиятҳои раиси ҳукуматро иҷро мекунад.

Гузоришҳои видеоӣ

Додгоҳ амр дод, Тоҷикистонро тарк кунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:14 0:00
XS
SM
MD
LG