Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонӣ амалкарди Амрикоро "терроризми иқтисодӣ" номид


Ҳасан Рӯҳонӣ, зимни нишасти хабарие дар шаҳри Ню Йорк дар рӯзи 26-уми сентябри соли 2018

Ҳасан Руҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон таҳримоти иқтисодии Амрико ба зидди кишварашро “терроризми иқтисодӣ” номид ва гуфт, дар сурати иҷрои таҳримот кишварҳои ғарбӣ зери сели маводи мухаддир мемонанд.

Ҳасан Руҳонӣ дар ин бора рӯзи 8-уми декабр дар як нишасти байналмилалӣ дар бораи мубориза бо терроризм дар шаҳри Теҳрон суҳбат кард. Дар ин нишаст раҳбарони порлумонҳои Афғонистону Эрон, Покистону Туркия ва Чину Русия ширкат доштанд.

Суханронии Ҳасан Руҳонӣ дар телевизиони давлатии Эрон нашр шуд ва ӯ мегуфт, агар Эрон заиф бишавад, дар муқобила бо қочоқи маводи мухаддир ҳам заиф хоҳад шуд.

Эрон яке аз роҳҳои аслии қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон аст, ки аз онҷо берун меяд ва то Аврупо ва кишварҳои Халиҷи Форс мерасад. Аҳволи иқтисоди Эрон баъди хуруҷи Амрико аз созиши атомӣ ва барқарории таҳримоти иқтисодӣ бисёр бад шудааст.

Гузоришҳои видеоӣ

Маросими видоъ бо Махсуми Абдусаттор баъди кушта шудан дар маҳбас
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:39 0:00
XS
SM
MD
LG