Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 340 тазоҳургар дар пойтахти Фаронса


Пулис аз гази ашковар истифода бурд, то тазоҳургарон ба тарафи кохи раиси ҷумҳур наёянд.
Пулис аз гази ашковар истифода бурд, то тазоҳургарон ба тарафи кохи раиси ҷумҳур наёянд.

Пулиси Фаронса барои монеъ шудан ба ҳаракати тазоҳургарон ба самти кохи раиси ҷумҳур дар шаҳри Порис аз гази ашковар истифода бурдааст. Бино ба гузоришҳо, тазоҳургарон бо маъмурони пулис бархурд кардаанд ва 340 нафари онҳо дастгир шудаанд.

Дар Фаронса чанд рӯз бо тазоҳуроти мардуми норозӣ идома дорад ва мақомот барои таъмини амният 89 ҳазор маъмури пулисро сафарбар кардаанд. Охири ҳафтаи гузашта тазоҳурот дар Порис ба хушунат печид ва дар натиҷа 130 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Ҳукумати Фаронса ҳушдор дод, ки мумкин аст, тазоҳуроти ба ном “камарбандони зард” ба ихтиёри “унсурҳои ифротӣ ва саркаш” бигзарад. Тазоҳурот баъди он сар зад, ки ҳукумат гуфт, молиёт аз маводи сӯхтро боло мебарад, аммо зери фишори тазоҳургарон Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса рӯзи 5-уми декабр гуфт, ки аз ин қарор даст мекашанд.

Аммо ин эълон тазоҳургаронро қонеъ накард. Онҳо ҳоло мехоҳанд, молиёт камтар шавад ва музди корашонро баланд бардоранд.

XS
SM
MD
LG