Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин хост, Канада мудири Huawei-ро озод кунад


Мэн Ванҷоу
Мэн Ванҷоу

Чин аз Канада раҳоии мудири молии ширкати Huawei-ро талаб кард, ки дар заминаи гӯё нақзи таҳримҳои ИМА алайҳи Эрон боздошт шуд ва дар ростои истирод ба Амрико қарор дорад. Дар бораи боздошти ӯ нашрияи La Press рӯзи 5-уми декабр хабар дод.

Баъзе коршиносон пешгӯӣ мекунанд, ки боздошти мудири молии Huawei эҳтимол ташаннуҷи байни Вашингтон ва Пекинро, ки бе ин ҳам дар заминаҳои тиҷоратӣ ихтилоф доранд, бештар мекунад.

Мэн муовини раҳбари шӯрои Huawei ва духтари бунёдгузори ин ширкат Рэн Ҷенфей аст, ки муҳнадиси низомии Чин буд.

Huawei бузургтарин таъминкунандаи таҷҳисотест, ки ширкатҳои телефонӣ ва интернетӣ истифода мекунанд.

Моҳи ноябр Thе Wall Street Journal хабар дод, ки ИМА аз кишварҳои шарикаш хостааст, ҳангоми бунёди шабакаҳои мобилии насли нав аз харидории таҷҳизоти Huawei даст кашанд. Музокирот бо Олмон, Италия ва Ҷопон ҷараён дорад. Ба назари Амрико, Пекин метавонад бо истифода аз таҷҳизоти ширкатҳои чинӣ маълумоти муҳими тиҷоратӣ ва низомиро ҷамъоварӣ кунад.

Қаблан Амрико ширкати Huawei-ро ба рӯйхати сиёҳи таъминкунандагони таҷҳизот барои сохторҳои давлатӣ ворид карда буд.

XS
SM
MD
LG