Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги Раҷабалӣ. "Қудо"-ҳо якдигарро гунаҳкор медонанд. ВИДЕО


Худкушии як ҷавони 26-сола дар шаҳри Ваҳдат, ки то охирин рӯзҳои ҳаёташ дар андешаи ба хона баргардонидани ҳамсару фарзандаш буд, мавзӯи дахолати калонсолон ба зиндагии оилаҳои ҷавонро дигарбора доғ кард. Волидони ин ҷавон мегӯянд, писари марҳумашон рӯзи фоҷеа барои овардани занаш рафт, вале дар ниҳоят ҷасадашро ба хона оварданд.

Дар фоҷиае, ки рӯзи 26-уми ноябр дар ҷамоати Ромити шаҳри Ваҳдат рух дод, ҳоло волидони ду хонавода ҳамдигарро гунаҳгор мекунанд. Он рӯз ҷасади Раҷабалӣ Қурбонзодаро бародараш Нуриддин дар манзили нимсохтаи додар пайдо кард, ки дар ҳамсоягии ҳавлии волидон ҷойгир аст. Ин манзилро Раҷабалӣ бо сад умед ва ба хотири зиндагии хушбахту осуда дар канори ҳамсару фарзандаш, бунёд мекард.

Дар ҳоле, ки ҳарду ҷониб баъди худкушии Раҷабалӣ ҳам худро бегуноҳ медонанд, бархе огоҳони қазия мегӯянд, дар бадбахтии ин хонаводаи ҷавон пеш аз ҳама волидони ҳарду ҷониб масъулият доранд.

Нуриддин -- бародари Раҷабалӣ мегӯяд, ки дар даъвову моҷароҳои оилавии бародараш, нақши калонсолон ҳам зиёд буд. Ӯ дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ декабр гуфт, "як рӯз бародарам бо ҳамсараш ҷанҷол кард ва вақте янгаам инро ба волидонаш расонд, онҳо омада бародарамро латукӯб ва таҳдид карданд. Акаам аз тарс ҳамеша дар кӯҳистон буд, чӯпонӣ мекард. Бо гузашти муддате янгаам ба акаам занг зада гуфт, ки омада ӯро ба хонаашон баргардонад. Бародарам шоми 26-уми ноябр барои овардани ҳамсараш рафт ва дигар наомад".

Ҷасад дар манзили нимсохти Раҷабалӣ чанд метр дуртар аз манзили падар пайдо шуд. Ҳанӯз сабабҳои дақиқи марги Раҷабалӣ рӯшан нест ва пулиси маҳаллӣ ин ҳодисаро таҳқиқ дорад. Волидон натиҷаи ташхиси тиббӣ-додгоҳиро интизор ҳастанд.

Раҷабалӣ Қурбонзода, ки баъди хатми мактаб дар кӯҳистон чупонӣ мекард, се соли пеш бо тавсияи волидон бо духтари ҳамсоя издивоҷ кард ва соҳиби як духтарча шуд. Наздиконаш мегӯянд, ки писарашон бо ҳамсараш то як моҳи пеш зиндагии осуда дошт.

Паёмадҳои аз ҳад зиёди дахолати волидон ба зиндагии оилаҳои ҷавон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:34 0:00

Ба нақли Нуриддин, баъди як баҳс миёни зану шавҳар, келини хонавода бо қаҳр ба хонаи волидон рафт ва дигар барнагашт. "Падарам чанд бор ба бародарам гуфт, ки "занатро биёр", вале падару модари янгаам розӣ намешуданд. Бародарам аз таҳдиди хусур ва бародарони занаш метарсид, вале мегуфт, ки зану духтарчаашро дӯст медорад".

Ҳоло бо гузашти беш аз даҳ рӯз аз марги Раҷабалӣ, модар бо ҳасрат ба манзили нимсохти писар менигарад ва аз он афсӯс мехӯрад, ки ҳеҷ гоҳ аз дили писараш огоҳ нашуд ва аз марги ӯ пешгирӣ карда натавонист. Гулбаҳор Собирова - модари Раҷабалӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар марги писараш хонаводаи келинро айбдор мекунад, ки гӯё барои азияти духтарашон бо таҳдиду фишор ӯро ба худкушӣ расондаанд.

Гулбаҳор Собирова - модари Раҷабалӣ.
Гулбаҳор Собирова - модари Раҷабалӣ.

Собирова гуфт: "Агар писари ман бо занаш зиндагӣ кардан намехост, баъди он, ки ӯро барои баҳси лафзӣ чанд нафар омада латукӯб карданд, талоқи занашро медод. Лекин писарам духтари хурдсол дошт, бо ҳавас хона месохт барои ҳамсараш либосҳои дилхоҳашро мехарид".

Ин иддаоро Сайёра Одинаева, ҳамсари Раҷабалӣ ва волидонаш рад мекунанд. Онҳо мегӯянд, баръакс духтарашон дар хонаи шавҳар аз сӯи хусуру хушдоман азият мешуд ва онҳо ҳеҷ гоҳ монеи зиндагии муштараки духтар ва домодашон набуданд.

Сайёра Одинаеваи 23-сола ҳоло дар хонаи волидонаш аст. Бо ин, ки ӯ дар ҳамсоягии хонаводаи шавҳар зиндагӣ мекунад, мегӯяд, ба ӯ иҷозат надоданд ба ҷанозаи шавҳар биравад ва бори охир ӯро бубинад. Ӯ мегӯяд, ҳеҷ гоҳ баҳсҳо бо шавҳарашро ҷиддӣ намегирифт ва намехост аз ӯ ҷудо шавад. Аммо бозгашти ӯро ба хонаи шавҳар хусуру хушдоманаш намехостанд.

Сайёра Одинаева, ҳамсари Раҷабалӣ Қурбонзода.
Сайёра Одинаева, ҳамсари Раҷабалӣ Қурбонзода.

Сайёра пас аз чанд моҳи дигар фарзанди дуюмашро таваллуд мекунад. "Шавҳарамро дӯст медоштам, медонистам, ки вай ҳам маро дӯст медорад. Мехостам бо ӯ зиндагиро идома диҳам. Медонам, ки падару модараш маро чандон қабул надоштанд, мешунидам, ки мегӯянд, гӯё ман кори хонаро дуруст анҷом намедиҳам. Ҳоло ҳайрон мондам, бо кӯдаконам чӣ кор мекунам." - афзуд Сайёра.

Дар ҳоле, ки ҳарду ҷониб баъди худкушии Раҷабалӣ ҳам худро бегуноҳ медонанд, бархе огоҳони қазия мегӯянд, дар бадбахтии ин хонаводаи ҷавон пеш аз ҳама волидони ҳарду ҷониб масъулият доранд. Дахолати зиёд ба масоили оилавии фарзандон, талаби ин, ки мувофиқ ба қоидаву муқаррароти онҳо амал кунанд, дар бархе ҳолатҳо боиси фоҷеа мешавад. Бархе равоншиносони тоҷик мегӯянд, зеҳнҳои бетаҷрибаву ноозмудаи ҷавонон, ки байни волидон ва ҳамсарони дӯстдоштаашон ҳайрон мемонанд, дар сурати заъфи шахсияташон онҳоро ба фоҷеа тела медиҳад.

Сабоҳат Маҳмадалиева, як масъули Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон мегӯяд, сабабҳои аслии дар айёми беҳтарини зиндагӣ аз ҳам пошидани хонаводаҳо, омода набудани онҳо ба оиладорӣ, таъсири манфии калонсолон, бахусус падару модар ва хусуру хушдоман аст. Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, тафовут дар дидгоҳу ҷаҳонбинии навхонадорон ва волидони онҳо низ сабаби вайрон шудани оилаҳо мешавад.

Манзиле, ки Раҷабалӣ Қунбонзода бунёд карда буд.
Манзиле, ки Раҷабалӣ Қунбонзода бунёд карда буд.

​Волидайнсолорӣ ё ба дасти худ гирифтани ихтиёри фарзандро дар хонаводаҳои тоҷик ҷомеашиносон як омили азҳампошии хонаводаҳо ва дигар нохушиҳои зиндагии фарзанд медонанд. Волидон аксаран дар тасмимигириҳои муҳими зиндагии фарзанди худ дахолат ва зиёдаравӣ мекунанд ва ба далели ҷавону бетаҷриба будани онҳо, ихтиёрро ба дасти худ мегиранд, ки ин ба таъкиди ҷомеашиносон, агарчи бо нияти хайрхоҳона аст, вале метавонад паёмади бад дошта бошад.

Зебуниссо Самадова, як зани рӯзгордида мегӯяд, барои хушбахту муваффақ шудани фарзанд, ҳар падару модар бояд қабл аз ҳама фарзанди худро хуб шиносад, ба арзиши инсониву шахсияти ӯ арҷ гузорад ва бо дахолати ноҷо зиндагии онҳоро талх накунанд.

"Вақте, ки писарам ба ман аз болои ҳамсараш шикоят мекунад ё баръакс, ман ба онҳо мегӯям, ки бигузор ин мушкилро байни ҳам ҳал кунанд ва кӯшиш мекунанд, ки дар тасмимгири онҳо ҳамчун нафари сеюм дахолат накунам. Ва ин дуруст ҳам ҳаст, ки бояд ҳамдигарро эҳтиром кунанд. Ҷавонон метавонанд аз калонсолон барои беҳ шудани зиндагӣ машварат пурсанд, вале набояд маслиҳати нафари сеюм ба зарари навхонадорон анҷом ёбад".

Раҷабалӣ ва Сайёра.
Раҷабалӣ ва Сайёра.

Онҳое ҳам кам нестанд, ки нақши фармонфармоӣ ва сиёсати волидонро дар зиндагии худ муҳим ва зарур медонанд. Дилшод, як ҷавони тоҷик гуфт, маҳз баъди дахолати волидон баъди солҳои зиёд аз Русия назди ҳамсару фарзандонаш баргашт.

Як равоншиноси тоҷик мегӯяд, ҳама гуна муносибату муомилаҳо бояд меъёр дошта бошад, то ки зиндагии ҳеҷ ҷонибро хадшадор накунад. Маҳз зиндагии якҷоя дар як хонавода ва дахолати тарафи сеюм, сабаби нимаятим шудани ҳазорон тифл дар Тоҷикистон ва ё худсӯзиву худкушии духтарони ҷавон мешавад.

Бар асари ин муноқишаҳои оилавӣ танҳо дар нӯҳ моҳи аввали соли равон, бештар аз 8300 зан аз шавҳаронашон талоқ гирифта, наздики 205 зан бо ҳадафи худкушӣ қасд ба ҷони худ кардаанд.

XS
SM
MD
LG