Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мудири молии Huawei бо дархости ИМА дар Канада боздошт шуд


Мэн Ванҷоу
Мэн Ванҷоу

Мақомоти Канада мудири молӣ ва духтари бунёдгузори ширкати Huawei Мэн Ванҷоуро бо дархости Амрико боздошт карданд. Дар ин бора нашрияи La Press рӯзи 5-уми декабр хабар дод.

Ба навишаи нашрияи Thе Wall Street Journal ва The New York Times, Ванҷоу ба нақзи таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон муттаҳам мешавад.

Вазорати адлияи Канада иттиҳоми зидди мудири аршади Huawei-ро шарҳ надодааст. Ҷаласаи додгоҳӣ дар робита ба озод кардани Ванҷоу бо васиқа ба рӯзи ҷумъа барномарезӣ шудааст.

Huawei - аз бузургтарин ширкатҳои тавлидкунандаи дастгоҳҳои мухобиротӣ ва телефонҳои ҳамроҳ дар ҷаҳон аст.

Ширкат мегӯяд, бо иттиҳоми зидди Ванҷоу шинос шуд, аммо пофишорӣ мекунад, ки ӯ низоми таҳримҳои Амрикоро алайҳи Эрон нақз накардааст.

Боздошти Мэн Ванҷоу рӯзи 1-уми декабр сурат гирифт. Ҳамон рӯз президенти ИМА Доналд Трамп ва раҳбари Чин Сӣ Ҷинпин аз оғози оштӣ дар "ҷанги тиҷоратӣ"-и ду кишвар хабар доданд.

Ҷониби Амрико қавл дод, ки аз боло бурдани таърифаҳо ба вуруди маҳсулоти чинӣ худдорӣ мекунад, Чин розӣ шуд, ки дар зудтарин фурсат теъдоди чашмгири молҳои амрикоӣ, бо шумули маҳсулоти кишоваризиро харидорӣ мекунад.

Моҳи ноябр Thе Wall Street Journal хабар дод, ки ИМА аз кишварҳои шарикаш хостааст, ҳангоми бунёди шабакаҳои мобилии насли нав аз харидории таҷҳизоти Huawei даст кашанд. Музокирот бо Олмон, Италия ва Ҷопон ҷараён дорад. Ба назари Амрико, Пекин метавонад бо истифода аз таҷҳизоти ширкатҳои чинӣ маълумоти муҳими тиҷоратӣ ва низомиро ҷамъоварӣ кунад.

Қаблан Амрико ширкати Huawei-ро ба рӯйхати сиёҳи таъминкунандагони таҷҳизот барои сохторҳои давлатӣ ворид карда буд.

XS
SM
MD
LG