Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миллионҳо сармояи хонаводаи "Туркманбошӣ" дар сохтмонҳои Берлин


Писар ва ҳамсари президенти пешини Туркманистон Сафармурод Ниёзов

Рӯзномаи маъруфи Der Tagesspiegel охирҳои моҳи ноябр матлаберо нашр кард, ки ба тақдири хонаводаи президенти пешини Туркманистон Сафармурод Ниёзов пас аз марги ӯ рӯшанӣ меандозад.

"Аъзои хонаводаи Ниёзов саҳмияҳои ширкатҳоеро дар “Trockland Group”-и Берлин дар ихтиёр доранд ва мехоҳанд, дар наздикии минтақаи маъруфи сайёҳии Чекпойнт Чарлӣ иншоотҳоеро бунёд кунанд”, - навиштааст “Der Tagesspiegel” 28 ноябр.

“Trockland Group” тасмим дорад, дар наздикии Чекпойнт Чарлӣ ду иншоот бунёд кунад. Бар пояи таҳқиқи рӯзноманигорони нашрия, духтар ва набераи президенти пешини Туркманистон молики саҳмияҳои ширкатҳое ҳастанд, ки ба “Trockland Group” шомиланд. ​Домоди Ниёзов -- Владимир Сколов муовини президенти Trockland Group ва масъули сармояҳои миллиондолларии ширкат аст.

Ҳамсари Ниёзов – Муза Ниёзова соҳиби саҳмияҳои ширкате бо номи "Trockland XI Charlie GmbH" аст, ки ба Trockland Group шомил мешавад. Ӯ ин саҳмияҳоро аз домоди худ гирифтааст. Ба эҳтимоли зиёд, маҳз ин ширкат бунёди иншоотҳоро дар наздикии Чекпойнт Чарлӣ сармоягузорӣ мекунад. Ниёзова соҳиби ширкати "Paragon Appartements" низ буд, ки дар шаҳри Панкови Берлин маҷмааи зист бунёд кард, вале дертар онро фурӯхт.

Духтари Ниёзов ва ҳамсари Соколов – Ирина молики саҳмияҳои ширкати "Trockland VII Herzbergstraße" дар “Trockland Group" аст, ки онҳоро аз модараш туҳфа гирифтааст. Бино ба маълумоти нашрия, Владимир ва Ирина Соколовҳо ҳамроҳи духтарашон Екатерина дар қайди Лондон мебошанд. Екатерина соҳиби саҳмияҳои ширкати "Trockland VI Klosterstrasse 62" аст, ки он ҳам ба "Trockland Group" дохил мешавад.

​Нашрияи Der Tagesspiegel бо истинод ба як манбаи худ дар Русия менависад, ки Муза Ниёзова солҳои ахир бо шавҳараш зиндагӣ намекард. Яке аз афроди наздик ба Ниёзов низ дар суҳбат бо мо тасдиқ кард, ки Ниёзова дар солҳои аввали президентии шавҳараш ба шаҳри Москва кӯчида, тақрибан ба Ишқобод намерафт.

Гузоришҳои видеоӣ

Беҳрӯзҷон куҷо шуд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:24 0:00
XS
SM
MD
LG