Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як муҳоҷири узбек ҳамтои тоҷикашро бераҳмона кушт


Акси тасвирӣ
Акси тасвирӣ

Як муҳоҷири узбек ҳамтои тоҷикашро бераҳмона куштааст. Сомонаи "НовостиВолгоград.ру" хабар дод, ки куштори бераҳмона субҳи рӯзи 5-уми декабр дар деҳаи Бахтияровкаи ноҳияи Ленини вилояти Волгогради Русия, дар як корхонаи чорвопарварӣ рух додааст.

"Баъди муноқиша шаҳрванди 36-солаи Узбекистон бо корд ба марди 51-солаи тоҷикистонӣ ҳамла кардааст. Гумонбар баъди содир кардани ҷиноят, талош кардааст, ки изи ҷиноятро пок кунад. Сари ҳамкорашро бурида ва онро дар тафдон партофтааст. Боқимондаи ҷасадро дар гилем печонида, дар дохили алаф пинҳон кардааст", - хабар доданд мақомоти Волгоград.

Баъди содир кардани ин ҷиноят, зодаи Узбекистон ҳодисаро ба як ҳамкори дигараш нақл кард ва ӯ дар навбати худ корфарморо аз ин ҳодиса огоҳ намуд.

"Гумонбар ахиран боздошт шуд. Вазъи равонии вай солим арзёбӣ намешавад", - гуфт Евгений Вистропов, масъули кумитаи тафтишотии вилояти Волгогради Русия.

XS
SM
MD
LG