Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Гурҷистон домоди президентро боздошт кард


Георги Маргилашвилӣ
Георги Маргилашвилӣ

Вазорати корҳои дохилии Гурҷистон хабар дод, ки Миндӣ Гогочурӣ, домоди президенти феълии ин кишвар Георгий Маргвелашвилӣ дар шаҳри Тифлис боздошт шудааст. Телевизионҳои Гурҷистон наворҳои боздошти ӯро нашр карданд.

Мақомоти Гурҷистон хабар медиҳанд, Гогочурӣ ҳамроҳ бо як нафари дигар бо насаби Размазде дар хонаи иҷорае дар канори Тифлис дастгир шудааст. Размазде бо айби расонидани осеби ҷисмонӣ дар ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор дошт.

Ба иттилои вазорати корҳои дохилии он кишвар, Размазде ва Гогочурӣ ҳангоми боздошт ду тапончаро, ки ба онҳо тааллуқ дошт, аз айвон ба берун партофтанд.

Бори аввал нест, ки ному насаби домоди президенти амалкунандаи Гурҷистон дар хабарҳои ҷиноӣ зикр мешавад. Пештар аз ин ӯ ду дафъа дар Тифлис мавриди ҳамлда қарор гирифт.

Ҳамзамон Гогочурӣ дар доираи як парвандаи хариду фурӯши маводи мухаддир гумонбар буд.

Муҳлати президентии Маргвелашвилӣ ба охир мерасад. Саломе Зурабишвилӣ, ки охири моҳи ноябр дар даври дувуми интихобот пирӯз шуд, баъди адои савганд роҳбарии Гурҷистонро ба даст мегирад.

XS
SM
MD
LG