Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Telia ширкати Uсell-ро арзонтар аз ришвае фурӯхт, ки ба Гулнора дода буд


.
.

Ширкати Telia (TeliaSonera), ки 94%-и саҳмияҳои ширкати мобилии Coscom бо бренди Uсell-ро дар ихтиёр дошт, саҳми худро бар ивази 215 миллион доллар ба Кумитаи давлатии Узбекистон дар умури рушди корхонаҳои хусусӣ фурӯхт.

Telia баъди ришваи $331 миллонӣ ба духтари президенти пешини Узбекистон Гулнора Каримова барои ворид шудан ба бозори мухобирот айбдор шуд ва ба Вазорати адлияи ИМА ҳудуди 1 миллиард доллар ҷарима супорд. Ба ин тартиб, ширкат бо фурӯхтани Ucell аз бозори Узбекистон берун шуд.

Ин муассиса рӯзи 5 декабр аз поёни раванди хориҷ шуданаш аз Узбекистон хабар дод. «Telia саҳми худро дар Ucell ба маблағи 215 миллион доллар фурӯхт ва Вазорати адлияи ИМА зуд дар ин бора огаҳ карда шуд», омадааст дар изҳороти Telia.

Раванди бурунрафти Telia аз Узбекистон се сол тӯл кашид. Ширкат дар ин бора соли 2015 тасмим гирифта буд, аммо натавонист харидори муносиб пайдо кунад ва маҷбур шуд саҳмадро ба давлат фурӯшад.

«Мо Ucell-ро ба ҳукумати Узбекистон фурӯхтем, чун ба талаботи «харидори масъулиятшинос» ҷавобгӯ аст. Дар ин раванд маълум аст, ки пулҳо ба куҷо мераванд ва мо масъулияти худро иҷро кардем. Ба хулосае расидем, ки дар вазъияти кунунӣ ин беҳтарин гузина аст», - гуфт намояндаи Telia.

XS
SM
MD
LG