Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Фаронса эҳтимол "молиёти дороӣ"-ро боло мебаранд


Эммануэл Макрон
Эммануэл Макрон

Дар пасманзари эътирозҳои густарда мақомоти Фаронса эҳтимол "молиёти дороӣ"-ро боло мебаранд. Дар ин бора намояндаи ҳукумат Бенямин Гриво рӯзи 5 декабр ба Reuters хабар дод.

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон баъди ислоҳоти коҳиши андози шаҳрвандони сарватманд шадидан танқид шуд. Акнун ҳукумат мехоҳад ин қонунро бознигарӣ кунад. Қонун шароити сарватмандонро боз ҳам беҳтар мекунад. Аз соли 2018 "андози дороӣ" на аз саҳмияҳо ва коғазҳои қиматбаҳо, тавре пештар буд, балки аз амлоки гаронбаҳо ситонда мешавад. Аз рӯи барномаи Макрон, тартиби нав бояд сармоягузории воқеиро ба иқтисод бештар кунад. Мухолифин ислоҳотро "тӯҳфа ба фаронсавиҳои сарватманд" унвон карданд.

Рӯзи гузашта ҳукумати Фаронса ба афзоиши андози сӯзишворӣ моратория ҷорӣ кард ва ҳамчунин қавл дод, ки нархи барқро то моҳи майи соли 2019 боло намебарад. Аз ин рӯ буҷаи давлатии Фаронса аз чаҳор миллиард евро, ки бояд дар заминаи ислоҳот ворид мешуд, 2 миллиардро дафъатан гум мекунад.

Эътирозҳо бо талаби лағви барномаи афзоиши андози маводи сухт барои нақлиёт се ҳафта боз ҷараён доранд.

XS
SM
MD
LG