Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия боздошти ду шаҳрванди Саудиро дархост кард


Валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон

Додситонии Туркия дар робита ба куштори рӯзноманигори Cаудӣ Ҷамол Хошуқҷӣ дар қаламрави консулгарии шоҳигарӣ дар Истаyбул, барои боздошти ду табааи Арабистони Саудӣ иҷозат хост.

Гумонбарҳо - муовини пешини раҳбари хадамоти истихбороти Арабистони Саудӣ Аҳмад Асирӣ ва мушовири пешини валиаҳди Саудӣ - Сауд ал-Каҳтонӣ номбар шудаанд.

Ин ду нафар баъди куштори Ҷамол Хошуқҷӣ аз мақомҳояшон барканор шуданд.

Мақоланависи нашрияи The Washington Post Ҷамол Хошуқҷӣ, ки аз мунтақидони мақомоти Риёз буд, аввали моҳи октябри имсол дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истанбул кушта шуд.

Матбуоти Туркия навишт, ки дар ин куштор эҳтимол мақомоти баландпояи Саудӣ ва шахсан валиаҳд Муҳаммад бин Салмон даст доранд.

Гузоришҳои видеоӣ

Беҳрӯзҷон куҷо шуд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:24 0:00
XS
SM
MD
LG