Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Словакия дипломати Русияро бо гумони ҷосусӣ хориҷ кард


Прачами Иттиҳоди Аврупо ва Словакия

Словакия як дипломати Русияро бо гумони ҷосусӣ аз қаламраваш хориҷ кард. Ҳукумати Словакия ин тасмимро бар поияи маълумоти хадамоти махсус гирифт.

Ба гуфтаи нахуствазири Словакия Петр Пеллигринӣ, корманди дипломатии Русия рӯзи 22 ба ватанаш фиристода шуд. Барои хуруҷ ба ин дипломат 48 соат вақт доданд. Нашрияи маҳаллии "Правда" навиштааст, ки дипломати рус бо гумони фаъолияти ҷосусӣ алайҳи Словакия ва НАТО ронда шуд. Исми корманди дипломатии Русия ошкор нест.

Маскав то ҳол ба изҳороти нахуствазири Словакия вокуниш накардааст.

Гузоришҳои видеоӣ

Эрон ба Тоҷикистон иҷораи маҷонии бандари Чобаҳорро пешниҳод кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:47 0:00
XS
SM
MD
LG