Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди гузориши раҳбари CIA сенаторҳо дар фикри муҷозоти Риёз шуданд


Боб Коркер баъди нишасти пушти дарҳои баста дар робита ба куштори Хошуқҷӣ
Боб Коркер баъди нишасти пушти дарҳои баста дар робита ба куштори Хошуқҷӣ

Ҷина Ҳаспел - раҳбари Идораи истихбороти ИМА, рӯзи гузашта пушти дарҳои баста дар робита ба куштори журналисти саудӣ Ҷамол Хошуқҷи ба сенаторҳо гузориш дод. Ба думболи ин, якчанд қонунгузори ИМА гуфтанд, ки далелҳо қотеона ба даст доштани валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад Бин Салмон дар ин куштор ишора мекунанд.

Маъмурияти президент Доналд Трамп барои канораҷӯӣ аз муҷозоти мақомоти Арабистони Саудӣ, дар робита ба куштори рӯзноманигор Ҷамол Хошуқҷӣ, таҳти фишор Конгресс қарор дорад. Хошуқҷӣ аз мунаққидони Риёз буд ва авоили моҳи октябр дар консулгарии Саудӣ дар Истанбул кушта шуд.

Демократҳо ва Ҷумҳурихоҳон дар ин робита аз Идораи истихборот гузориш талаб карданд. Рӯзи 4 декабр Кохи сафед билохира ба раҳбари Идораи истихборот Ҷина Ҳаспел иҷозат дод, ки ба сенаторҳо маълумот диҳад.

Якчанд сенатори ИМА муътақиданд, ки куштор бо дастури валиаҳди саудӣ сурат гирифт.

"Одам бояд кур бошад, то набинад, ки ин кор бо дастури афроди тобеи раҳбари Арабистони Саудӣ анҷом шудааст",- гуфт сенатор Линдси Грэм ба хабарнигорон.

Қонунгузорони ҳарду ҳизб мехоҳанд Арабистони Саудӣ муҷозот шавад, аммо бар сари шеваи ҷазо ба мувофиқа нарасидаанд.

Ҷамол Хошуқҷӣ -мунаққиди мақомоти Арабистони Саудӣ, ки аз иқомати доимӣ дар ИМА бархурдор буд ва барои нашрияи the Washington Post мақола менавишт, моҳи гузашта дар консулгарии Саудӣ дар Истамбул кушта шуд ва дар куҷо будани ҷасадаш маълум нест.

XS
SM
MD
LG