Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зани соҳибкори рус барои марги 7 узбекистонӣ 2 сол зиндонӣ шуд


Сухтор дар Санкт-Петербур, ки 7 шаҳрванди Узбекистонро қурбон кард. 13.07.2017
Сухтор дар Санкт-Петербур, ки 7 шаҳрванди Узбекистонро қурбон кард. 13.07.2017

Додгоҳи шаҳри Санкт-Петербург соҳибкор Юлия Забуноваро, ки дар натиҷаи сӯхтори анбори ӯ дар минтақаи Колпино 7 муҳоҷири узбек ҷон бохтанд, ба муҳлати 2 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Сухангӯи додгоҳи Петербург Даря Лебедева тасдиқ кард, ки муассис ва мудири кулли ширкати «Эверест» Юлия Забунова дар марги ҳафт шаҳрванди Узбекистон айбдор эълон шуд. Дар баробари ду соли зиндон ӯ ҳамчунин ба муҳлати ду сол ҳаққи ишғоли вазифаи баланд маҳрум шуд.

Ба гуфтаи Лебедева, ин зан дар додгоҳ ҳангоми ироаи сухани охирин гуфтааст, ки худро гунаҳкор намеҳисобад ва танҳо мебоист, «ҷуброни зарари маънавӣ» пардохт кунад.

Дар доираи парвандаи оташсӯзии анбор Олег Фригин, зердасти пешини Забунова низ ба ҳайси ҷавобгар иштирок дошт, вале додгоҳ ӯро аз ҷавобгарӣ озод кард. Ҷониби даъвогар гуфт, аз ӯ шикоят надоранд. Фригин харҷи интиқоли ҷасадҳоро аз Русия ба Ӯзбекистон ба маблағи 650 ҳазор рубли русӣ пардохта, ҳамчунин ба хонаводаи қурбониён 1,4 миллион рубл товон додааст.

Сӯхтор дар анбори ба иҷора гирифтаи Юлия Забунова дар Колпино шаби 13 июли соли 2017 сар зад, ки ҳафт кушта бар ҷой гузошт. Ҳалокшудаҳо --шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳангоми сар задани сӯхтор хоб буданд ва дар натиҷаи заҳролудшавӣ ҷон бохтанд.

XS
SM
MD
LG