Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Transparency: Аспҳои Қодиров бештар аз худаш даромад меоранд


Рамазон Қодиров
Рамазон Қодиров

Созмони Trancparency International – Russia дар як гузориши таҳқиқотӣ навиштааст, ки аспҳои раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров се баробар бештар аз соҳибашон даромад меоранд.

Дар чаҳор сол ин аспҳо ба Қодиров наздик ба 100 миллион рубл фоида овардаанд. Ин пулҳоро Рамазон Қодиров дар гузориши молиётӣ зикр накардааст.

Бино ба ҳисобҳои Trancparency International – Russia, аз соли 2014 то 2018 аспҳои Рамазон Қодиров дар дави Иморати Араб 61,7 миллион рубл даромад оварданд. 36,4 миллиони ҷоизавиро онҳо дар Русия гиифтанд. Дар ин солҳо Қодиров танҳо 29,2 миллион рубро ҳамчун даромад гузориш дод.

Ин дар ҳолест, ки Trancparency International – Russia ҷоизаҳои пулии аспҳои Қодиров дар сабқати кишварҳои аврупоиро ҳисоб накардааст.

Аз соли 2014 то 2018 даромади аспҳои Қодиров дар сабқатҳои Ҷумҳурии Чех ва Олмон 111,6 миллион рубл аст. Азбаски раҳбари Чеченистон ба рӯйхати таҳримҳо шомил аст, созмонҳои аврупоӣ ҳақ надоранд ҷоизаҳои пулиро ба ӯ фиристанд.

Бино бар қонунгузорӣ, Рамазон Қодиров набояд аспҳояшро ҳамчун дороӣ гузориш диҳад. Аммо нархи онҳо метавонад бисёр баланд бошад. Соли 2015 тамрингари аспи Қодиров дар Чехия Арслангирей Шавуев ба "Радио Свобода" қимати ду аспи Қодировро 250 ҳазор евро арзёбӣ кард.

Дар бузургтарин сомонаи Русия дар мавриди варзиши аспдавонӣ гуфта шудааст, ки Рамазон Қодиров 128 аспи гаронбаҳо дорад.

Чехия- аспи Қодиров бо номи Алзарб ҳангоми сабқат. Қодиров онро ба қиммати 140 ҳазор евро харидааст.
Чехия- аспи Қодиров бо номи Алзарб ҳангоми сабқат. Қодиров онро ба қиммати 140 ҳазор евро харидааст.

Ба гуфтаи Trancparency International - Russia, нигаҳдории ин галла барои Қодиров солона 46 миллион рубл харҷ дорад. Ин бештар аз маблағест, ки Қодиров дар гузориши молиётӣ навиштааст.

XS
SM
MD
LG