Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беҳтаринҳои футболи Осиё дар соли 2018 эълон шуданд


Алиасғар Ҳасанзода аз Эрон барандаи ҷоизаи “Беҳтарин бозигари футзали Осиё дар соли 2018» гардид.
Алиасғар Ҳасанзода аз Эрон барандаи ҷоизаи “Беҳтарин бозигари футзали Осиё дар соли 2018» гардид.

Конфедератсиони футболи Осиё (AFC) дар як маросими пуршукӯҳ, ки 28-уми ноябр дар пойтахти Умон шаҳри Масқат доир шуд, беҳтаринҳои мавсими футболи соли 2018-ро бо ҷоизаҳо сарфароз гардонд.

Ба иттилои сомонаи расмии Конфедератсиони футболи Осиё, дар маросими супурдани ҷоизаҳо («AFC Annual Awards 2018”) мавсими имсолаи футбол натиҷагирӣ ва лауреатҳои соли 2018 эълон шуданд. Дар ин маросими ботантана ба ғолибони номинатсияҳо ҷоизаҳо тақдим гардид.

Чунончи, барои ҷоизаи «Беҳтарин футболбози сол миёни мардон» се нафар – Абдулкарим Ҳасан (Қатар), Кенто Мисао ва Юма Сузуки (ҳарду аз Ҷопон) довталаб буданд. Ин ҷоизаро президенти Конфедератсиони футболи Осиё Салмон Бин Иброҳим Ал-Халифа ба бозигари бошгоҳи футболи «Ал-Садд» ва мунтахаби Қатар Абдулкарим Ҳасан тақдим намуд.

Ван Шуан аз Чин беҳтарин футболбози Осиё миёни занон дар соли 2018 эътироф шуд. Ӯ аз Саманту Керр (Австралия) ва Саки Кумагай (Ҷопон) пеш гузашт.

Алиасғар Ҳасанзода (Эрон) барандаи ҷоизаи “Беҳтарин бозигари футзали Осиё дар соли 2018» гардид. Туркӣ Ал-Умар аз Арабистони Саудӣ беҳтарин футболбози сол миёни ҷавонон ва Саори Такарада аз Ҷопон беҳтарин футболбози сол миёни духтарон дониста шуданд.

Ҷоизаи “Беҳтарин мураббии сол миёни мардон» ба мураббии бошгоҳи ҷопонии "Касима Антлерс" Го Оива, ки соли 2018 бо дастааш барандаи Ҷоми қаҳрамонҳои AFC гардид, супурда шуд. Асако Такакура аз Ҷопон бо ҷоизаи «Беҳтарин мураббии сол миёни занон» сарфароз гашт.

XS
SM
MD
LG