Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп мулоқот бо Путинро лағв кард. ВИДЕО


Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбеи 29-уми ноябр эълом кард, ки бинобар ҳамлаи нерӯҳои Русия ба киштиҳои Украина, мулоқот бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар ҳошияи нишасти кишварҳои "Гурӯҳи 20" дар Аргентинаро лағв кардааст.

Аммо дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Русия рӯзи чаҳоршанбеи 28-уми ноябр ба расонаҳои давлатии он кишвар гуфт, омодагиҳо барои ин мулоқот идома дорад.

Доналд Трамп дар паёме дар шабакаи "Твиттер" навишт, "аз сабаби он, ки киштиҳои украинӣ ва киштибонҳо ҳануз ба ин кишвар бозгардонида нашудаанд, ман тасмим гирифтам, ки лағви мулоқоти аз пеш барномарезишуда бо раиси ҷумҳур Владимир Путин дар Аргентина, беҳтарин тасмим барои ҳама тарафҳо мебошад".

Ӯ дар идома гуфтааст, "умедворам пас аз ҳаллу фасл шудани ин мушкил, битавонем як мулоқоти муваффақи дигар дошта бошем". Доналд Трамп рӯзи сешанбеи 27-уми ноябр низ дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Вашингтон пост" гуфта буд, ки дар пасманзари ҳамлаи нерӯҳои Русия ба киштиҳои ҷангии Украина дар гулӯгоҳи Керч, мумкин аст мулоқот бо Владимир Путин дар ҳошияи нишасти кишварҳои "Гурӯҳи 20"-ро лағв кунад.

Трамп аз мулоқот бо Путин худдорӣ мекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:28 0:00

Оқои Трамп дар бахше аз ин мусоҳиба изҳор дошт, "имшаб дар ин маврид гузорише дарёфт хоҳам кард, ки муҳтавои он дар баргузории мулоқот ё лағви он ҳалкунанда аст. Имшаб гузориши комиле дар мавриди ин моҷаро ба дасти ман мерасад ва тасмими мо дар мавриди ин мулоқот ба муҳтавои ин гузориш вобастагӣ дорад."

Сара Сандерз, раҳбари бахши матбуотии Кохи Сафед рӯзи чаҳоршанбе гуфт, "кормандони бахши амнияти миллии дафтари раёсати ҷумҳурӣ дар мавриди таниш миёни Русия ва Украни ба таври муназзам ба оқои Трамп гузориш медиҳанд."

Аммо дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Русия рӯзи чаҳоршанбеи 28-уми ноябр ба расонаҳои давлатии он кишвар гуфт, омодагиҳо барои ин мулоқот идома дорад. Дмитрий Песков, сухангӯи дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Русия изҳор дошт, ки "омодагиҳо барои ин мулоқот идома дорад. Дар бораи баргузор шудани ин мулоқот тавофуқ шудааст. То ба ҳол аз ҳукумати Амрико маълумоте дигаре дарёфт накардаем."

Рӯзи панҷшанбе Кохи Сафед ҳамчунин эълон кард, ки Доналд Трамп дар ҷараёни сафар ба Аргентина, нияти мулоқот бо Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ надорад. Дар пасманзари қатли рӯзноманигори мунтақиди ҳукумати Арабистони Саудӣ Ҷамол Хошуқҷӣ дар консулгарии он кишвар дар Истанбул, валиаҳди ҷавони Саудӣ зери фишорҳои байналмилалӣ қарор гирифтааст ва шуморе аз кишварҳо ва созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ба даст доштани ӯ дар ин ҳодиса ишора мекунанд.

XS
SM
MD
LG