Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Узбекистон ғолиби “CAFA Women’s Championship 2018” шуд


Рӯзи 29-уми ноябр бозиҳои даври чоруми мусобиқаи байналмилалӣ миёни дастаҳои мунтахаби занона CAFA Womens Championship 2018, ки онро Созмони футболи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Тошканд доир кардааст, баргузор шуданд.

Дастаи мунтахаби занонаи футболи Узбекистон, ки дар бозии охиринаш тими Қирғизистонро бо ҳисоби 10:0 шикаст дод, барои рақибонаш дастнорас гардид ва новобаста аз натиҷаҳои бозиҳои даври охирин пешакӣ ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ гардид.

Дар бозии дигари даври чорум мунтахаби Тоҷикистон аз тими Эрон бо ҳисоби 1:4 мағлуб гашт. Голи мунтахаби Тоҷикистонро Сайрам Холназарова ба ҳадаф расонд. Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Сулаймон Бобокалонов дар нахустин даври ин мусобиқаи байналмилалӣ бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 ғолиб омада, баъдан аз тими Узбекистон бо ҳисоби 0:11 шикаст хӯрда буд.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии даври чорум мунтахаби Узбекистон бо 12 имтиёз мақоми аввалро касб намуд. Тими Эрон, ки бо 6 имтиёз дар ҷойгоҳи дувум мебошад, барои медалҳои нуқра мубориза мебарад.

Дастаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон сеимтиёзӣ гирифтаанд. Азбаски мунтахаби Тоҷикистон бар тими Қирғизистон ғолиб омадааст, аз рақиби худ боло - дар зинаи севум - ҷойгир шудааст. Ин ду даста барои ҷойи севум талош доранд. Вале тими Афғонистон бидуни имтиёз зинаи охирин – панҷумро ишғол намудааст.

Мунтахаби Тоҷикистон бозии даври панҷумро рӯзи шанбеи 1-уми декабр дар Варзишгоҳи миллии Тошканд муқобили тими Афғонистон анҷом медиҳад. Баъди ин дидор дар ин варзишгоҳ бозии охирини мусобиқа миёни тимҳои Эрону Қирғизистон баргузор мешавад.

Мусобиқаи байналмилалии «CAFA Women’s Championship 2018»

Даври 1-ум

23-юми ноябр (ҷумъа)

Тоҷикистон Қирғизистон - 1:0

Узбекистон – Афғонистон – 20:0

Даври 2-юм

25-уми ноябр (якшанбе)

Афғонистон Эрон – 0:6

Узбекистон – Тоҷикистон – 11:0

Даври 3-юм

27-уми ноябр (сешанбе)

Эрон – Узбекистон – 1:2

Қирғизистон Афғонистон 1:0

Даври 4-ум

29-уми ноябр (панҷшанбе)

Қирғизистон Узбекистон – 0:10

Тоҷикистон Эрон – 1:4

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Узбекистон

4

4

0

0

43-1

12

2

Эрон

3

2

0

1

11-3

6

3

Тоҷикистон

3

1

0

2

2-15

3

4

Қирғизистон

3

1

0

2

1-11

3

5

Афғонистон

3

0

0

3

0-27

0

Даври 5-ум

1-уми декабр (шанбе)

13:00 – Афғонистон – Тоҷикистон

16:00 – Эрон – Қирғизистон

Эзоҳ: бозиҳо дар Варзишгоҳи миллии Тошканд баргузор мешаванд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG