Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе бинои 70-солаи мактаби санъатро тахриб мекунанд. ВИДЕО


Дар маркази шаҳри Душанбе Мактаби ҳунаромӯзии кӯдаконро тахриб мекунанд. Дар ҷои он бинои нави мактаби таҳсилоти умумӣ бунёд хоҳад шуд. Ин бино соли 1937 бунёд шуда ва соли 1955 номи Мактаби бачагонаи санъатро гирифта буд.

  • Хабари вайрон кардани бино рӯзи 26-уми ноябр ба волидони шогирдони Мактаби бачагонаи санъати ба номи Муҳиддин Аминзода расонда шуд. Аз онҳо тақозо гардидааст, ки дар муддати як ҳафта мактабро холӣ кунанд.

Аксари волидон аз ин хабар нороҳат шуда ва аз шаҳдории Душанбе кӯмак хостаанд. Онҳо мегӯянд, тахриб шудани мактаби воқеъ дар маҳаллаи собиқ варзишгоҳи "Спартак"-и Душанбе ва ваъдаи муваққатӣ ҷойгир шудани онҳо дар бинои "Наврӯзгоҳ", воқеъ дар наздикиҳои Кохи Миллат ва дур аз роҳи мошингард барои шогирдони хурдсол муносиб нест. Волидон инчунин аз он дар ҳайратанд, ки чаро мактабро дар оғози моҳи декабр ва дар авҷи соли таҳсил аз байн мебаранд.

Масъулони Шӯъбаи фарҳанги шаҳри Душанбе, ки мактаби мазкур тобеи он аст, рӯзи 29-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, тасмим ин шуд, ки дарсҳо муваққатан дар як бинои "Наврӯзгоҳ"-и пойтахт идома мекунад.

Ба гуфтаи масъулони шӯъбаи фарҳанги шаҳри Душанбе, қарор аст, дар ҷои бинои Мактаби бачагонаи санъат, мактаби бузургтарини пойтахт барои 1200 хонанда сохта шавад. Волидон ҳам мегӯянд, ки бо мақомоти шаҳрдорӣ дар ин бора гуфтугӯҳо доштанд ва масъулин ба онҳо гуфтаанд, ки барои ин муассиса ҷои муносиб ҷудо хоҳанд кард.

Мактаби овозадори ҳунар, ки ба номи шоир ва мусиқинавози маъруф Муҳиддин Аминзода гузошта шудааст, дар тӯли фаъолияташ тавонист ба яке аз мактабҳои касбии ҳунари мусиқиву рассомии Тоҷикистон табдил шавад. Консертҳои боҳашамати ҳукуматӣ ба ифтихори меҳмонҳои хориҷӣ ҳам, аз ҷумла, бо ҳунарнамоии шогирдони ҳамин мактаб баргузор мешавад. Композиторони маъруфи тоҷик Шарофиддин Сайфиддинов, Хайрулло Абдуллоев, Лола Толис ва Шодмон Пӯлодӣ дастпарварони ҳамин мактаб ҳастанд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Дар Душанбе мактаби ҳунаромӯзии кӯдаконро вайрон карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:52 0:00

Рухшона Бековаи 12-сола ҳамроҳ бо ҳамдарсонаш ба ҷои таҳсил дар мактаб, ин рӯзҳо саргардони ҷамъоварии маҳсули эҷоди худанд. Ӯ расму наққошиҳои худ ва ҳамсабақонро боэҳтиёт ҷамъ карда, барои интиқол ба ҷои дигар омода мекунад. Дилаш намехоҳад ин ҷоро тарк кунад.

"Ин ҷойро таъмир кардем, гӯё худамон сохта бошем. Шояд мактабро ҷое мекӯчонанд, ки роҳаш дур аст. Масъалаи нақлиёт хеле муҳим аст. Феълан мо ҳамаи инро ба хонаи муаллимаамон мебарем. Вай ҳуҷраеро барои наққошиҳои мо холӣ кардааст. Муваққатан ҳамаи ҷиҳози синфхонаро онҷо мегузорем",-афзуд ӯ.

Бекова мегӯяд, азбаски ҳанӯз макони мувофиқе барои идомаи таҳсили онҳо муқаррар нашудааст, маҷбуранд, машғулиятҳои худро ҳам муваққатан дар хонаи муаллимаашон мегузаронанд.

Дар ин мактаби бачагонаи санъати шаҳри Душанбе, ки солҳои зиёд дар бинои якошёнаи замони Шӯравӣ ҷойгир аст, ҳудуди 420 хонанда таҳсил мекунад. Мақомот ба волидону омӯзгорон гуфтаанд, дар зудтарин фурсат асбоби мусиқиву аёниятҳои таълимиро аз бино берун кунанд. Ҳоло омӯзгорони мусиқӣ нигарон ҳастанд, ки дар ҷараёни кӯчокӯч асбоби гаронвазну ҳассоси мусиқӣ осеб набинанд.

Волидон, ки ба роҳҳали мусбати ин вазъият умед доранд, аз тасмими мақомот нороҳат шудаанд. Яке аз онҳо Татяна Тихоновна аст, ки наберааш се соли охир ба ин даргоҳ барои омӯзиши ҳунари мусиқиву рассомӣ меояд. Ӯ гуфт, "набераи ман ҳам маҳсули эҷодашро ҳамроҳ бо дигарон ҷамъугир дорад. То ҳол биное надодаанд. Аввалан барои кӯдакон, ки ҳоло хурданд, дар ташвиш ҳастем. Онҳоро ба ин мактаб худамон оварда мебарем, вале ҳоло намедонем, ки дар оянда дар куҷо таҳсил мекунанд. Хеле нороҳат шудем".

Хабари тахриб шудани мактаби ба номи падараш барои Зебо Аминзода, омӯзгори маъруфи рақс ва раҳбари собиқи гурӯҳи овозадори "Зебо" ҳам нороҳаткунанда будааст. Ӯ гуфт, муддате пеш мехост дар ин мактаб раҳбарии гурӯҳи рақсиро ба ӯҳда гирад, вале аз маъмурият шунид, ки мактаб бояд тахриб шавад ва ҷояшро як мактаби нави замонавӣ бигирад.

Аминзода гуфт, ин мактаб ҳамеша чун муассисаи хеле касбиву тавоно дар таълими ҳунар ва тарбияи шогирдони боистеъдод маъруф буд. Худи Зебо Аминзода муддате пеш ба ин мактаб барои гирифтани акси падараш барои хотира рафта буд.

Дар ин мактаб наврасони аз 7 то 14-сола таълим мегиранд. Мактаби мазкур маълумоти иловагӣ ба шумор рафта, хонандагон пеш аз дарс ё баъди он дар инҷо санъати рассомиву мусиқиро аз худ мекунанд. Мактаби бачагонаи санъати шаҳри Душанберо заминаи хубе барои идомаи таҳсили наврасон дар мактабҳои олии санъату фарҳанг медонанд.

Рӯзи 29-уми ноябр маъмурияти мактаб нахостанд, дар бораи таҳаввулоти атрофи ин муассиса суҳбат кунанд. Бархе аз намояндагони мактаб дар сӯҳбати бидуни микрофон гуфтанд, шогирдон дар баландтарин маъракаҳои ҳунарии ҳукумат даъват мешаванд ва яке аз ҳунарнамоиҳои овозадорашон дар консерте ба ифтихори сафари президенти Узбекистон ба Тоҷикистон дар моҳи марти имсол буд.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG