Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон меъёри фурӯши орд ба аҳолиро коҳиш дод


Камбуди орд дар Туркманистон

Дар мағозаҳои давлатии Туркманистон меъёри фурӯши орд бо нархи муайянкардаи давлатӣ коҳиш ёфт.

Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ арзиш ва меъёри нави фурӯши ордро дар вилоятҳои Лебап, Дашоғуз ва Марӣ муқоиса кард. Ба гуфтаи ӯ, то ин замон дар мағозаҳои давлатӣ 1 сокин ҳақ дошт 4-5 килограм орд харидорӣ кунад, аммо ҳоло ордро вобаста ба шумори аъзои оила мефурӯшанд.

"Барои ҳар оила бо нархи муайянкардаи давлат вобаста ба шумори аъзои оила харидани 8-12 килограм орд иҷозат шудааст", - гуфт хабарнигор.

Дар мағозаҳои давлатии Туркманистон 1 кило орд 2 манат (муодили тақрибан 5 сомонӣ) арзиш дорад. Ин нархро давлат муайян кардааст. Қимати орд дар мағозаҳои хусусӣ ба маротиб гаронтар аст.

Сокинони Туркманистон сар аз моҳи декабри соли гузашта ба камбуди орд рӯ ба рӯ шудаанд.

Гузоришҳои видеоӣ

Ахбори Озодӣ аз 22-уми июли соли 2019
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:00 0:00
XS
SM
MD
LG