Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумонбарони парвандаи "ҷиҳодиён" дар додгоҳ рагҳояшонро буриданд


Мурофиаи гумонбарони терроризм дар Қазоқистон
Мурофиаи гумонбарони терроризм дар Қазоқистон

Муттаҳамони парвандаи "ҷиҳодиён" дар додгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи 27 ноябр бо нишони эътироз ба амалҳои ғайриқонунии муфаттишон ва додрасҳо рагҳои дасти худро буриданд.

Алмат Жумагулов, Оралбек Омиров ва Кенҷабек Абишев дар додгоҳ гуфтанд, ки иттиҳоми эълоншуда сохтакорӣ буда, ангезаи сиёсӣ доранд. Ба гуфтаи айбдоршавандаҳо, ҳуқуқҳои онҳо борҳо поймол шуда, додрасҳо дархости онҳоро ба инобат нагирифтаанд.

Дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ҷараёни додгоҳи ин се тан мустақиман пахш мешуд. Дар наворҳо дида шуд, ки чи гуна онҳо рагҳои дастонашонро мебуранд.

Алмат Жумагулови 44-сола дар таблиғи терроризм ва барангехтани адовати миллӣ айбдор мешавад. Кенҷабек Абишеви 52-сола ва Оралбек Омирови 48-сола дар таблиғи терроризм айбдор ҳастанд. Айбдоршавандаҳо ин иттиҳомҳоро рад мекунанд ва онҳоро сиёсӣ меноманд. Ҳар сеи муттаҳамон тирамоҳи соли 2017 боздошт шуданд.

Алмат Жумагулов эътироф мекунад, ки вай ҷонибдори ақидаҳои ҳаракати "Интихоби демократии Қазоқистон" аст. Фаъолияти ин ҳаракат дар Қазоқистон мамнуъ шудааст.

XS
SM
MD
LG