Пайвандҳои дастрасӣ

Наздикони Илҳомиддин Шоев: "Арзи моро ба Русия бирасонед". ВИДЕО


Ҷасади Илҳомиддин Шоев, муҳоҷири тоҷикро, ки дар идораи пулиси Вешнякии шаҳри Маскав ҷон дод, субҳи 27-уми ноябр ба зодгоҳаш ноҳияи Рӯдакӣ оварда ва дар онҷо дафн карданд. Мақомоти Русия иддао доранд, ки ӯ бар асари бемории қалб даргузашт. Хонаводааш мегӯянд, ҳангоми шустани ҷасад дар бадани ӯ осори зарбу латро мушоҳида кардаанд.

"Сару даҳанаш сиёҳ буд"

Зиндагиаш вазнин буд. Се сол боз ба Русия рафта меомад. Дар онҷо кор мекард. Баргаштанӣ буд

Шарофиддин Шоев, падари Илҳомиддин Шоев, иддаои тафтишотро дар бораи бемори қалб будани фарзандаш рад кард. Ӯ рӯзи 27-уми ноябр дар маросими дафни Илҳомиддин Шоев дар ноҳияи Рӯдакӣ гуфт, дар ҷисми писараш осори зарбу латро дидаанд.

Ҷасади Илҳомиддин Шоевро, ки се рӯз дар сардхона буд, субҳи 27-уми ноябр аз Маскав ба деҳаи Баҳористони ноҳияи Рудакӣ расонданд.

Шарофиддин Шоев баъд аз онки ҷасади фарзандашро аз наздик дид, шубҳааш ба марги ӯ аз бемории қалб бештар шуд. "Онҳо шарҳ надоданд. Гуфтанд, дилаш задааст. Аммо он чӣ ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест. Сару даҳанаш сиёҳ аст", - афзуд Шарофиддин Шоев.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Хешу ақрабо ба марги табиии Илҳомиддин Шоев бовар надоранд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:10 0:00

Дар маросими дафни Илҳомиддин Шоев мардуми зиёде ҷамъ омада буданд. Афроде, ки ҷасади Илҳомиддинро шустанд, осори зарбу латро дар тани ӯ тасдиқ карданд. Абдураҳим Самадов, сокини шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "захмҳо дар рӯ, пушти сар ва дар дасташ буд. Дар тарафи дил ва дар кафи пойҳояш ҳам.

-Захмҳои амиқ буданд?

-Захмҳои чуқур набуданд, доғ зада буданд, сиёҳ шудагӣ."

"Ба омадан тайёрӣ дида буд, насиб накард"

Шарофиддин Шоев
Шарофиддин Шоев

Падари Илҳомиддин гуфт, бори охир бо писараш рӯзи 21-уми ноябр сӯҳбат дошт. Аз Илҳомиддин чаҳор фарзанди ноболиғ боқӣ мондааст, ки аз ҳама бузурги онҳо 14-сола мебошад. Наздиконаш мегӯянд, Илҳомиддин Шоев то замони ба муҳоҷират рафтан дар Тоҷикистон мусофиркашӣ мекард.

Шарофиддин Шоев гуфт, "се сол боз ба Русия рафта меомад. Зиндагиш вазнин буд. Ба Русия ба коркунӣ мерафт. Ҳамин шабу рӯз омаданӣ буд, аммо насиб накард. Бародараш рафта, ҷои зисташро дид, сумкаву ҷомадонҳояш баста буд."

Падар: "Арзамонро ба кӣ гӯем?"

Ҳамсояҳои Илҳомидддин Шоев аз ӯ як ҷавони беозору хушмуомила ном бурданд. Мегӯянд, ҳеҷ бовар надоранд, ки Илҳомиддин гуноҳе карда бошад, то аз сӯи пулис боздошт шавад.

Давлатбек Додарбеков, сокини ноҳияи Рӯдакӣ гуфт, "падарони мо то Олмон рафтанд (манзур Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ), набераҳои мо, фарзандони мо барои Русия хидмат мекунанд. Фарзандои мову шуморо ҳамин хел меоранд, чӣ кор кунем? Арзамонро ба куҷо барем? Арзи моро ба Русия бирасонанд, ки ҳамин одамҳо ба дод омаданд, ин чӣ ҷабру ситам аст нисбат ба фарзандони мо?"

Навҳаи модар

Дар маросими дафни Илҳомиддини Шоев онҳое ҳам иштирок доштанд, ки фарзандонашонро барои якумр дар Русия аз даст додаанд ва ё он кишвар макони фавт ё қатли фарзандонашон будааст.

Саодатхон Ҳакимова, сокини шаҳри Ваҳдат, дар ин маросим гуфт, ки писараш Абдуҳаким Икромов аввал зиндонӣ ва сипас дар яке аз шаҳрҳои Русия ба дор кашида шудааст. "Ҳафт сол боз дар ғами ӯ сӯхта ва хокистар шудам. Хатти сиёҳашро баъди 7 моҳи кушта шуданаш ба мо равон карданд. Ӯро ба Тоҷикистон наоварданд", - мегӯяд ин модар.

Саодатхон Ҳакимова
Саодатхон Ҳакимова

Пулиси Маскав қаблан гуфт, ки Илҳомиддин Шоев, шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистон дар идораи пулиси Вешнякии шаҳри Маскав "аз бемории дил" ҷон дод. Ҳодиса рӯзи 21-уми ноябр, дар ҳоле рух додааст, ки нерӯи вижаи СОБР 18 шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир карда ва ба идораи пулис оварда буд. Полис гуфт, ки Шоев дар роҳзанӣ гумонбар мешуд. Чизе, ки наздикони ӯ комилан рад мекунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG