Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокини Хоруғ бо иттиҳоми пахши Кимиёи Хурсанд боздошт шуд


Муслим Зикиллоев
Муслим Зикиллоев

Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, Муслим Зикиллобеков, сокини шаҳри Хоруғ, ки ҳафтаи гузашта духтари Хурсанд Мазоров, яке аз роҳбарони ғайрирасмии вилояти Бадахшонро бо мошин пахш карда ва аз ҷои ҳодиса фирор намуда буд, боздошт кардаанд. Кимиёи Хурсанд, духтари Хурсанд Мазоров 12-сола ва хонандаи мактаби президентии шаҳри Хоруғ аст.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 27-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Зикиллобеков шаби гузашта дастгир шуд. Ба қавли ӯ, “феълан аз рӯи амалкарди Муслим Зикиллобеков санҷиш идома дорад.”

Умарҷони Эмомалӣ ҳамчунин гуфт, ки вазъи саломатии Кимиёи Хурсанд вазнин аст ва ӯ дар бемористон таҳти назорати пизишкон қарор дорад.

Ҳодиса шаби 24-уми ноябр дар маҳаллаи “Тирчит”-и шаҳри Хоруғ иттифоқ афтодааст. Мақомот дар ин кор Муслим Зикиллобеков, як сокини 22-солаи Хоруғро муттаҳам карданд. Дафтари матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, ки ин нафар ба ҷуз аз пахш кардани духтари Хурсанд Мазоров инчунин худрави яке аз кормандони пулисро корношоям кардааст.

Ба қавли манбаъ, Зикиллобеков дар ҳолати мастӣ ва бо нақлиёти сиёҳшиша ва берақам бо суръати баланд ҳаракат карда, ба талаби кормандони пулис низ итоат нанамудааст. Мақомот гуфтанд, Муслим Зикиллобеков пас аз пахши Кимиёи ноболиғ ба ӯ кумак нарасонда, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст.

Шодигул Қонунзода, мудири мактаби президентии Хоруғ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Кимиёи Хурсанд феълан дар шифохона бистарӣ аст.

Ҳоло дар шаҳри Хоруғ барои таъмини волоияти қонун шаш дидбонгоҳи пулис амал мекунад. Ин посгоҳҳо дар шаҳри Хоруғ ва дигар гӯшаҳои вилояти Бадахшон баъди он гузошта шуд, ки моҳи сентябри имсол президент Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи тартиботи ҷамъиятӣ дар ин минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон интиқод кард.

Дар мулоқоти рӯзи 15-уми сентябр дар шаҳри Хоруғ Эмомалӣ Раҳмон аз мақомоти вилоят интиқод кард, ки ба гуфтааш, "чор ҷинояткорро ба тартиб дароварда наметавонанд". Баъди ин дар вилоят тағйироти кадрӣ сурат гирифт -- мақомоти ҳукумати вилоят ва сохторҳои додгустариву додситонӣ иваз шуда, дар вилоят амалиёти ҷамъоварии силоҳ ва поккории мошинҳои сиёҳшиша ба роҳ монда шуд.

XS
SM
MD
LG