Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Марде, ки духтари Хурсанд Мазоровро бо мошин зад, таҳти ҷустуҷӯст"


Муслим Зикиллобеков

Мақомоти қудратии Тоҷикистон як сокини шаҳри Хоруғро таҳти ҷустуҷӯ қарор додаанд, ки Кимиёи Хурсанд, духтари 12-солаи Хурсанд Мазоров, яке аз раҳбарони ғайрирасмии минтақаро бо худрав пахш кардааст. Вазъи саломатии духтари Хурсанд Мазоров вахим гуфта мешавад.

Як мақом дар ҳукумати вилояти Бадахшон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса шаби 24-уми ноябр рух додааст. Ба қавли манбаъ, Кимиёи Хурсанд, хонандаи мактаби президентии шаҳри Хоруғ дар маҳаллаи “Тирчит”-и Хоруғ бо худрав пахш шудааст.

Мақомот дар ин кор Муслим Зикиллобеков, як сокини 22-солаи Хоруғро муттаҳам мекунанд. Дафтари матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, ки ин нафар ба ҷуз аз пахш кардани духтари Хурсанд Мазоров инчунин худрави яке аз кормандони пулисро корношоям кардааст.

Ба қавли манбаъ, Зикиллобеков дар ҳолати мастӣ ва бо нақлиёти сиёҳшиша ва берақам бо суръати баланд ҳаракат карда, ба талаби кормандони пулис низ итоат нанамудааст. Мақомот гуфтанд, Муслим Зикиллобеков пас аз пахши Кимиёи ноболиғ ба ӯ кумак нарасонда, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст.

Ба иттилои мақомот, ҷустуҷӯи Зикиллобеков феълан идома дорад.

Шодигул Қонунзода, мудири мактаби президентии Хоруғ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Кимиёи Хурсанд феълан дар шифохона бистарӣ аст.

Ҳоло дар шаҳри Хоруғ барои таъмини волоияти қонун шаш дидбонгоҳи пулис амал мекунад. Ин посгоҳҳо дар шаҳри Хоруғ ва дигар гӯшаҳои вилояти Бадахшон баъди он гузошта шуд, ки моҳи сентябри имсол президент Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи тартиботи ҷамъиятӣ дар ин минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон интиқод кард.

Дар мулоқоти рӯзи 15-уми сентябр дар шаҳри Хоруғ Эмомалӣ Раҳмон аз мақомоти вилоят интиқод кард, ки ба гуфтааш, "чор ҷинояткорро ба тартиб дароварда наметавонанд". Баъди ин дар вилоят тағйироти кадрӣ сурат гирифт -- мақомоти ҳукумати вилоят ва сохторҳои додгустариву додситонӣ иваз шуда, дар вилоят амалиёти ҷамъоварии силоҳ ва поккории мошинҳои сиёҳшиша ба роҳ монда шуд.

XS
SM
MD
LG