Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футзал, ки аз ҳисоби бозигарони то 20-сола таркиб ёфтааст, дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2019 бо тими ҷавонони Афғонистон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Бозиҳои дӯстона миёни тимҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва Афғонистон рӯзҳои 26-27-уми ноябр баргузор мешаванд. Ҳарду бозӣ дар шаҳри Хуҷанд, дар маҷмааи варзишии «Қасри варзиш», соати 18:00 шуруъ мешаванд.
Бояд гуфт, ки мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2019, ки аз 1-ум то 4-уми декабр дар Тошканд барпо мегардад, дар гурӯҳи «В» бо тимҳои Узбекистон ва Қирғизистон рақобат мекунад. Мунтахаби ҷавонони Афғонистон дар гурӯҳи «А» бо тимҳои Эрон ва Туркманистон бозӣ хоҳад кард.
Бар асоси дастури мусобиқа аз минтақаи Марказӣ танҳо се даста ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2019 роҳ меёбад. Ба ҷуз ғолибони гурӯҳҳо, инчунин дастаҳое, ки ҷойҳои дуюмро мегиранд, дар плей-офф барои роҳхати сеюм мубориза мебаранд.
Бозиҳои дӯстона
26-уми ноябр (душанбе)
Оғози бозӣ – соати 18:00
Тоҷикистон (U-20) – Афғонистон (U-20)
Хуҷанд, маҷмааи варзишии «Қасри варзиш»
27-уми ноябр (сешанбе)
Оғози бозӣ – соати 18:00
Тоҷикистон (U-20) – Афғонистон (U-20)
Хуҷанд, маҷмааи варзишии «Қасри варзиш»
Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2019 оид ба футзал миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонон (U-20)
Мусобиқаи интихобӣ. Минтақаи Марказӣ
Гурӯҳи «А»: Эрон, Афғонистан, Туркманистон.
Гурӯҳи «В»: Узбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон.
Тақвими бозиҳо:
Даври 1-ум
1-уми декабр (шанбе)
16:00 – Туркманистон – Эрон
19:00 – Қирғизистон – Узбекистон
Даври 2-юм
2-юми декабр (якшанбе)
16:00 – Тоҷикистон – Қирғизистон
19:00 – Афғонистон – Туркманистон
Даври 3-юм
3-юми декабр (душанбе)
16:00 – Эрон – Афғонистон
19:00 – Узбекистон – Тоҷикистон
Плей-офф
4-уми декабр (сешанбе)
18:00 – Ҷойи 2-юми гурӯҳи «А» – Ҷойи 2-юми гурӯҳи «В»
Эзоҳ: ҳамаи бозиҳо дар маҷмааи варзишии «Узбекистон»-и Тошканд баргузор мешаванд.
Парвардигоро гуноххои мо гумрохгаштагонро бубахш, ки ин бандахои буздил аз руи бесавод кудрати Туро фаромуш карданд!!!
Шархи ман ба кормандони радиои озоди дигар ба шумо хам бовари намонд доимо огох мекунед, ки навистачотхои дорои ангезаву тахкир чоп карда намешавад магар хаминаст амалкарди шумо оё надиди ё нехонди ба номи офаридгор чи гуфтахоро болои чоп овардед заррае бовари дигар намонд.
хама тараддуд бахри боз хам аз камбагалон чам кардани пул......асту на беш аз он. Корупсияро бо розигии Мачлиси оли депутатхои зархарид ба конун дароварданианд.... Зеро хизмат дар артиш ба камбагалон насиб гардидааст......Фарзандони дигар сарватмандон ва мансабдорон кайфй сафо дранд.
конун ба фоидаи мансабдорон, на ба фоидаи мардуми камбагали Точикистон,ки кариб 70 фоизи мардуми мо шароити пардохти маблаги хангуфтро надоранд
Чаро бояд Байден? О мардуми мо мурдаанд? Магар барқфуруши дар замони сардӣ магар ҷиноят нест? Чӣ мардум намедонанд? Ҳама медонад барқ фурухта шуда долларҳо ба суратҳисоби хонавода ба Амрико меравад. Барқи тоҷикро ғорату ғорат мекунанд. Магар роҳҳо пулакӣ нестадн? Магар бегуноҳон дар ҳабс нестанд? магар 2 млн муҳоҷир аз шароити хубашон рафтаанд расия? Магару магар