Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Неруҳои Русия як киштии ҷангии Украинаро вайрон кардаанд


Саҳнаи ҳодиса дар Баҳри Сиёҳ.

Фармондеҳони неруҳои баҳрии Украина, Русияро ба “амалкардҳои таҷовузгарона” нисбат ба киштиҳои низомии он кишвар муттаҳам кард. Дар баёнияи фармондеҳон омадааст, киштии нерӯҳои марзбонии Русия бо номи “Дон” рӯзи 25-уми ноябр ба баданаи як киштии боркаш, аз бандари Одесса хориҷ мешуд, зарба зад, ки дар натиҷа муҳаррики киштӣ ва чанд қисмати дигараш осеб дид.

Касе дар ин бархӯрд осеб надидааст. Дар баёнияи фармондеҳии неруҳои баҳрии Украина, омадааст, ки “Русия дигарбора асли таҷовузгаронаи худ ва беэътиноии худ ба қонунҳои байналмилалиро нишон дод.” Ҳодиса дар Баҳри Сиёҳ ба вуқуъ пайвастааст.

Аммо Хадамоти Федералии Амнияти Русия гуфт, се киштии Украина субҳи якшанбе ба қаламравҳои обии Русия ворид шуда ва ҳаракатҳои хатарнок анҷом додаанд ва ба талаботи қонунии мақомоти Русия итоат накардаанд. Аммо дар бораи садама задан ба киштии Украина чизе нагуфтаанд.

Гузоришҳои видеоӣ

"Хидматгори халқ" дар интихоботи Украина пешсаф шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:37 0:00
XS
SM
MD
LG